WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Ҳизби мардумӣ 25 сола шуд

Бахшида ба 25 –умин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо ташаббуси комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 конфронс баргузор гашт. Ба хотири ин чорабинии хотирмон дар пештоқи муассиса намоиши дастовардҳои шогирдони мактаб ва ҳунарҳои мардумии деҳа ба маърази тамошо гузошта шуда, аъзои ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб  ва ҳозирин аз тамошои он ҳаловат бурданд.

Описание: C:Documents and SettingsUserРабочий столНовая папкаDSCN0407.JPG

 Дар конфронс раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудлев нахустин шуда баромад намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми ноҳияро ба ин санаи муборак табрику таҳният гуфт. Раиси ноҳия  аз таърихи ташкилёбии ҳизб ва талошу ҷидду ҷаҳдҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ба ҳадаф расидани мақсадҳои ҳизб баҳри сулҳу амонӣ, шукуфоӣ, созандагии кишвар ҳарф зад. Ҳамзамон иброз намуд, ки саҳми арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар корҳои созандагии ноҳия низ назаррасанд. Мавсуф Барномаҳои Ҳукумати Марказии Тоҷикистонро оиди инкишофи иҷтимоию иқтисодии Бартанг ва ноҳияи Рӯшонро ёдовар гардид, ки ба баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия мусоидат намудааанд.

Описание: C:Documents and SettingsUserРабочий столНовая папкаDSCN0411.JPG

Баъдан раиси комиҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон Холиса Саидхонова аз фаъолият, пешрафту саҳмгузории ҳизб дар ҳаёти мардуми ноҳия  ахборот дод. / зикр кард, ки дар ноҳия соли 1998 нахустин ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт ва  имрӯз дар ноҳия  48 ташкилоти ибтидоӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 2600 нафар аъзо доранд. Аъзои ҳизб дар ҳамаи соҳоти ноҳия, хоҷагӣ, маориф, иқтисоду иҷтимо кору фаъолият дошта, барои  инкишофи ҳаёти мардум саҳму талош доранд. Комиҷроияи Ҳзби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшонбуда  тамоми қувваву неруи худро ба он равона сохтааст, ҳадафу мақсадҳои Ҳукумати Тоҷикистонро амлӣ намоянд ва барои ин кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, ки ҳамеша дар байни мардум кор бурда, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Раиси муаъзами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  амалан дар ҳаёт татбиқ намояд. Ҳамзамон комиҷроия бо муҳоҷирони меҳнатии бархе кишварҳо низ алоқаи хуби ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ҳамеша аз ҳолу аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ хабардор мебошад. Ҳамин аст, ки соли ҷорӣ аз тарафи муҳоҷирони меҳнатии давлати Олмон ба суратҳисоби коимҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия амалкунанда  9600 сомонӣ ирсол гардид. Ин кӯмаки беғаразонаро коимҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати деҳаи Сипонҷ, мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, шогирдони макотиби ноҳия масраф кард.

Холиса Саидхонова афзуд, ки оиди кӯмакҳои беғаразонаи комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба собиқадорон, оилаҳои камбизоат, хонандагони макотиб, ятимону ниёзмандон пайваста мерасад.

Описание: C:Documents and SettingsUserРабочий столНовая папкаDSCN0417.JPG

Дар конфронс  намояндаи ташкилоти ҷавонони  «Созандагони ватан» Шаҳло Алиназарова, собиқадори ҳизб Валамат Шозодаева баромад намуданд.

 Дар фарҷоми конфронс раиси ноҳияи Рӯшон  Фаррух Додхудоев ба собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии пешқадам, хонандагон-ғолибони озмунҳои ноҳияви «Иншои беҳтарин» ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравиро тақдим намуд. Ҳамчунин раиси ноҳия ба аъзои нави ҳизб билетҳои ҳизбиро ба таври тантанавӣ супорид.

Бо  анҷоми конфронс дастаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия барои ҳозирин барномаи хуби консертиро пешкаш намуданд.

Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон