WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Таҷлили 70 солагии рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон»

Рӯзи 1 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон тантанаи таҷлили 70-солагии ягона воситаи ахбори оммаи ноҳиявӣ- рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» баргузор гашт. Нахуст дар саҳни Қасри фарҳанг меҳмононро аз маркази вилоят таҳти  сарварии муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев, сармуҳаррири рӯзномаи «Бадахшон»  Раҳмонқул Раҳмонқулов, Раиси бахши Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ВМКБ Нилуфар Асламшоева, собиқ раисони ноҳия Қобиламо Ғуломшоева, Хуҷаназар Имомназаровро шогирдони мактаб бо шеърхонӣ истиқбол намуданд.

Меҳмонон бо вуруд ба пештоқи Қасри фарҳанг аз намоиши китобҳои нашркардаи адибони Рӯшон, рӯзномаҳои аз солҳои 50 –ум то ба имрӯз, ки   ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Сипас дар толори бошукуҳи Қасри фарҳанг маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори ин санаи басо муҳим барои мардуми ноҳия доир гашт. Раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додзудоев бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуда, таърихи таъсиси рӯзнома, фаъолияти он дар рушду нумуи ҳаёти сиёсиву иқтисодии ноҳия гуфта гузашт.

Баъдан муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода нахуст табрикоти муовини раиси Маҷлиси Милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзовро роҷеъ ба 70-солагии таъсиси рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» ба саъми ҳозирин расонда, ҳамзамон иброз дошт, ки рӯзномаи ноҳиявӣ дар такомули  ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мардуми ноҳияи Рӯшон саҳми босазои худро дорад. Мавсуф дар фарҷоми суханронияш ифтихорномаҳои раиси вилоятро ба кормандони рӯзнома тақдим намуд.

Раиси бахши Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар ВМКБ Нилуфар Асламшоева дар баромадаш изҳор дошт, ки рӯзномаи  «Пайғоми Рӯшон» яке аз рӯзномаҳои бонуфузи на танҳо вилоят, балки ҷумҳурӣ мебошад ва хушбахтона дар он кадрҳои  варзидаи журналистӣ кору фаъолият доранд. Мавсуф дар анҷоми суханронияш медалҳои 100 солагии журналистикаи тоҷикро ба сармуҳаррири рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» Лутфишо Қиматшоев ва собиқадори журналистикаи ноҳия Занҷирбек Ёғибеков тақдим намуд.

Муаҳррири рӯзномаи вилоятии «Бадахшон» Раҳмонқул Раҳмонқулов ҳангоми сухани табрикияш қайд намуд, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи

«Пайғоми Рӯшон» на танҳо самтҳои гуногуни ҳаёти ноҳияро дар саҳифаи рӯзномаашон инъикос менамоянд, балки саҳми онҳо дар рӯзномаи вилоятӣ ҳам назаррас аст. Аз номи кормандони рӯзномаи вилоятӣ муҳаррири он як принтерро тақдими кормандони идораи рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» намуд.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон» Лутфишо Қиматшоев дар суханронияш аз таърихи таъсиси рӯзнома, кормандони нахустини он, тарзи кори кормандони рӯзномаву чопхонаи ноҳиявӣ ёдовар гашт. Ҳамчунин нахустпоягузорони рӯзномаву матбааро ном гирифта, кору фаъолияти онҳоро назаррас шуморид.

Баъд аз суханронии Сармуҳаррири рӯнома раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ба собиқадорони матбуоти ноҳиявӣ, хабарнигорони ҷамоатӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Тантани таҷлили 70-солагии таъсиси рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон»-ро баромади дастаи ҳунарии бахши фарҳанги ноҳия, ки сурудҳо аз ашъори шоирони ноҳия гирифта шуда буданд, ҳусни тоза бахшид.

Дар анҷоми ҷамъомад муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода ба ҷашнвора ва баромади ҳунармандони ноҳия баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки иштироки аксари ин ҳунармандонро минбаъд дар чорабониҳои вилоятӣ  таъмин кардан лозим аст. Зеро ҳунари волои онҳо назир надорад.

Сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявиро муваззаф намуд, ки дар тарбияи кардҳои журналистика саҳми босазои худро гузоранд.

Идомаи ҷашн дар тарабхонаи Наими деҳаи Дерзуд давом ёфт.

Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон