WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Дин – ҳамчун воситаи муҳими тарбияи маънавии ҷомеаи имрӯзаи ҳар як давлати дунявӣ маҳсуб меёбад.

Дин –  ҳамчун  воситаи  муҳими  тарбияи  маънавии  ҷомеаи  имрӯзаи  ҳар  як  давлати  дунявӣ  маҳсуб  меёбад.     Дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон  низ  дин  мақому  манзалати   худро  дорад , ки  ҳамчун  тарбитгари  насли  имрӯзу  оянда   ба  шумор  меравад .Зеро  эътиқоди  динии  ҳар  як  шаҳрванд  ва  ҷомеаи  имрӯзаи  Тоҷикистон  дар  асоси  ғояҳои  динӣ  ташакул   ёфтааст , ки  Ҳукумати   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  он  таваҷҷӯҳи  махсус  зоҳир  менамояд.Аз  ин рӯ  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи   озодии  виҷдон  ва  иттиҳодияҳои  динӣ»  тамоми   муносибатҳои  ҳуқуқии  иттиҳодияҳои   динӣ  ва  эътиқоди  динии  шаҳрвандонро  ба  танзим   дароварда, вазъи  қонунии  онҳоро  муайян  менамояд.Дар  заминаи  ин  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  як  қатор  санадҳо  ва  меёрҳои  ҳуқуқӣ  аз  тарафи  Пешвои  муаззами  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  тасвиб  расидаанд, ки  масъалаҳои  муҳими  ҳаёти  динии  кишварро  боз  ҳам  васеътар  ва  муккамалтар   инъикос  менамоянд. Яке  аз  ин санадҳои  муҳим  ин  фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   аз  4 апрели  соли 2018, №1024 «Дар  бораи  Консепсияи  сиёсати  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи  дин» мебошад, ки  муносибатҳои  ҳаётан  муҳим, мақсад  ва  вазифаҳои   асосии  сиёсати  давлатӣ  дар  соҳаи  динро  муайян  месозад.

        Сиёсати  давлатӣ  дар  соҳаи  дин  ҳамчун  сиёсати   созанда   ва  дарозмӯҳлат  дар  заминаҳои  сиёсию  ҳуқуқӣ  ва   таърихию  назарӣ  ташаккул  ёфта, ҳамасола  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  иҷроиши талаботи  ин  санади  муҳимро  дар  тамоми  қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти  назорати  қатъии  худ  қарор  медиҳад .  Аз ин  рӯ вобаста  ба  ин  иқдом  таҳти   сарпарастии    Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи  Рушон  ва   сармутахассиси  дини     ҷамоати  деҳоти  М.Абдулвосиев,   дар   ҷамоат  конференсияи   илмӣ-амалӣ  оид  ба  «Консепсияи  сиёсати  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  соҳаи  дин»  саҳнаи  25-уми  октябр  соли  равон  баргузор  гардид. Дар  кори  конференсия  зиёда  аз 30  нафар  иштирок  намуданд , ки  асосан  онҳоро   халифаҳои   расмии   деҳот,кормандони  дасгоҳи  ҷамоат, омӯзгорон  ва  фаъолони  деҳот   ташкил  намуданд.Дар  конференсия   мавзӯъҳои  «Сиёсати  давлатӣ   дар  соҳаи  дин», «Танзими  муносибати  давлати  миллӣ  бо  дин», «Ифротгароӣ  аз  нигоҳи  Ислом», «Худкушӣ  аз  назари  Ислом», «Раҳоӣ  аз  банди  одатҳои  ҳурофотӣ», «Терроризму  экстремизм- сарчашмаи  асосии  бадбахтиҳо»  баррасӣ  гардидаанд, ки  ҳар як  мавзӯъ  вобаста   ба  сиёсати  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  соҳаи  дин  равона  шуда , мақсади  асосиии   онҳо  тарбияи  аҳли  ҷомеаи   шаҳрвандии  кишварамон  мебошад. Аз  ҷумла Карамхудоев  Манзаршо  – халифаи  деҳаи  Вознавд  қайд  намуд, ки  солҳои охир ба фазои динии кишвар ворид гаштани ғояву ақидаҳои ҳизбу ҳаракатҳои исломии барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, ки моҳияти сиёсии таблиғотӣ доранд, сабаби дар ҷомеа ривоҷ ёфтани дидгоҳҳои ифротию тундрав равона гаштааст, ки аз ин вазъият бахши муайяне аз аҳли илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ аҳли ҷомеа изҳори ташвиш ва нигаронӣ менамоянд. Густариши фаъолияти ин ҷараёну равияҳои навпайдо, ки арзишҳои аслии мазҳабӣ ва анъанавии мардуми Тоҷикистонро  зери шубҳа ва хатар мегузорад, боиси пеш омадани таҳдиди ҷиддӣ ба амнияти миллӣ ва суботу оромиши ҷомеа мегарданд.

Дар ду даҳсолаи охир фаъолияти таблиғотии равияҳои гуногуни хориҷии ғайриисломӣ дар фазои динии Тоҷикистон густариш ёфта истодааст. Бо вуҷуди аз сӯи давлати Тоҷикистон таҳаммул гардидани фаъолияти озоди ҳамаи ин равияҳои навпайдо ва барои муҳити динии Тоҷикистон нораво, бахше аз онҳо аз мушкилоти муваққатии иҷтимоиву  иқтисодӣ  ва   фарҳангии мардум сӯйистифода намуда, бо пеш гирифтани фаъолияти таблиғотӣ дар байни аҳолӣ сабабгори ба вуҷуд омадани заминаҳои хусумату низоъҳои динию мазҳабӣ мешаванд.