WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Таҷлили Рӯзи Президент дар Рӯшон

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯшон ба ифтихори Рӯзи Президент маҷлиси тантанавӣ доир гашт, ки дар он роҳбарияти ноҳия, роҳбарони идораву муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, директорони макотиби ноҳия ва сокинони маркази ноҳия ширкат варзиданд.

Қабл аз маҷлис раиси ноҳия аз намоиши китобҳои Президенти кишвар, ҳунарҳои мардумӣ, ки китобхонаи марказии ноҳия, бахши занон ва кор бо оила, маркази эҷодии наврасон ва кӯдакони ноҳия ва ҷаоматҳо  ташкил карда буданд, дидан намуда, ба ҳуннари онҳо баҳои баланд дод.

Раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев дар баромади хеш, ҳангоми маҷлиси тантанавӣ, аҳли нишаст ва кули мардуми шарафманди  ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Президент муборакбод намуда, аз ҷонбозиҳову созандагиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар баҳри наҷоти миллати тоҷик аз вартаи нобудӣ ёдовар гашт.

Сипас шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7-и деҳаи Баррӯшон ба ифтихори ин рӯзи муқаддас барономаи хуберо пешкаши ҳозирин гардониданд.

Тантанаро бахши фарҳангии ҳунармандони ноҳия зиннати тозае бахшиданд.

Раҳпаймоии ҷавонон

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар маркази ноҳияи Рӯшон рафпаймоии ҷавонон доир гашт, ки дар он ҷавонон аз тамоми ноҳия ширкат варзиданд. Раҳпаймоӣ аз назди бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия то мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ давом ёфта, сипас дар толори маҷлисии мактаб-интернат маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он ҷавонон аз корнамоиҳои бемисли сарвари давлат барои барқарорсозии сулҳу аминият дар кишвар, созандагиву ба пой хезонидану ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёди тоҷик ёдовар гаштанд. Ҷумла баромадкунандагон изҳор доштанд, ки  сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, таҳти роҳбарияташ дар созандагии кишвар саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

Вохӯрӣ бо сарбозон

Ба ифтихори Рӯзи Президент бо ташаббуси кумитаи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон дар қисми сарҳадии Баррӯшон вохӯрӣ бо сарбозон доир гашт. Дар вохӯрӣ раиси ҳизб Саидхонова Холисамо, сарвари собиқадорони ҷангу меҳнат Меҳриддин замонов ва намояндаи рӯзномаи ноҳиявии «Пайцоми Рӯшон» ширкат намуда, оиди корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд. Дар ҳангоми баромад қайд намуданд, ки Президенти кишвар барои барқарории сулҳу ба ҳамовардани миллати парокандаи тоҷик заҳматҳои зиёде кашида, бисёр хатару ноҳамвориҳоро паси сар карду ба ваъдаи дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааш вафо намуд. Ҳарчанд касе гумон надошт ва боварӣ ҳам надошт, ки дар Тоҷикистон тинҷиву оромӣ барқарор мешавад. Аммо Сарвари давлати тозаистиқлол ҷон ба каф гузошта, талош варзид, бо мухолифин дар шароитҳои мушкил вохӯрд ва  тавонист, ки тоҷиконро ба сулҳу амонӣ оварад. Ҳазорон нафар гурезаҳои дар мулки бегонаро ба ватан баргардонд. Ҳамзамон  зикр намуданд, ки бо барқарор шудани сулҳу амонӣ дар  мамлакат ободкориҳо ва созандагиҳои бемисле бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуднамуда буданд, ҳарф заданд.

Чунин вохӯриҳо дар қисми сарҳадии Рӯшон ва мактотиби ноҳия низ диор гардиданд.