Бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон 10 -уми декабри соли равон дар маҷлисгоҳи мактаб -интернати ҷумҳуриявӣ конференсияи илмӣ «Пешвои миллат пуштибони занон» бахшида ба 20-солагии қабули Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» баргузор гардид. Дар конференсия чор мавзуъ баррасӣ гардиданд.
Мудири бахши кор бо занон ва оила МералиеваГ. аз рӯи мавзуъи «Нақши занони ноҳия дар рушду нумӯи ноҳияи Рӯшон», мутахассиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Қадаменова Г. «Мавқеи занон дар фазои сиёсии кишвар», директории МТМУ № 8 Паймораева Қ . «Нақши омӯзгорон дар тарбияи насли наврас» ва корманди редаксияи «Пайғоми Рӯшон» Дустова С. «Зиндагии шоиста» барои иштирокчиён баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон аз тарафи толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 суханони Президенти кишвар қироат гардиданд.
Конфренсия бо намоишномаи «Хушбахт кист»-и Ато Ҳамдам дар таҳияи Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Усния Худододова, ки аз тарафи ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаш гардида буд, ҷамъбаст гардид.