WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

25 СОЛИ ҚАДАМИ СОЗАНДА

Имсол аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон расо 25 сол пур мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар фазои сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон қадамҳои устувор ва созанда гузошта истодааст ва яке аз ҷавонтарин ҳизбҳои сиёсии кишварамон ба ҳисоб меравад.

    Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар доираи  Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории байналмилалӣ, Оиннома ва Барномаи худ фаъолият намуда, имрӯз сернуфузтарин, фаъолтарин ва қавитарин неруи сиёсии кишвар маҳсуб меёбад. ҲХДТ, ки бо тақозои замон дар шароити ниҳоят душвори таърихӣ ҳамчун нахустин ташаккули сиёсии миллӣ дар оғози давраи истиқлолият, чун рамзи озодию демократия, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои халқ, истиқлолияти давлатӣ ва таъмини ягонагию тамомияти арзии кишвар таъсис дода шуда буд, як ҳизби барои Тоҷикистон ҷадид ва ҳамзамон миллӣ буда, тамоми марҳилаҳои ҳассос ва сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуда, имрӯз ба як неруи тавонманду созанда ва мутаҳидсози ҷомеаи Тоҷикистон табдил ёфтааст.  Илова бар ин ҲХДТ ҳизби сиёсии парлумони буда, дар фаъолияти худ ба одамони касбӣ, босалоҳият ва кордон такя мекунад. ҲХДТ табиатан халқӣ ва демократӣ мебошад ва он маҳсули тафаккуру эъҷоди халқи фарҳангофар ва созанда аст. 

     ҲХДТ аз рӯзҳои нахустини корӣ дар муддати 25 соли фаъолияти босамар чор марҳилаи таърихии ибратомӯзро паси сар намудааст. Ба гуфтаи худи Пешвои миллат 25 соли  талошу муборизаҳо дар таҳкими давлатдории навини миллӣ, ҳизби мо собит сохт, ки дар хизмати мардум мебошад. Зеро ҳизби мо аз  аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин давра барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таҳким бахшидани Ваҳдати миллӣ ва аркони давлатдорӣ саҳми сазовор гузошт.

     Имрӯз ҷойи баҳсу шубҳа нест, зеро ҲХДТ тавонист, ки тавассути иқдомҳои шоистаяш НОБ-Роғунро таҳти сарпарастии маънавии худ қарор дода, бунёдкоронаш, бо ғайрату азми қавӣ ин «Кохи нур»-ро дар муҳлати пешбинишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои тавонои бузурги хеш, шуҳратёру пешоҳанг муаррифӣ намуда, нуфузашро дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам усувортару қавитар гардонд.

      Хусусияти фарқкунандаи фаъолияти ҲХДТ аз дигар ҳизбҳо дар он аст, ки Барномаҳои ҲХДТ бо Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамрадифанд ва ин масъулияти аъзоёни ҳизбро баҳри иҷори на танҳо барномаи ҳизбӣ, балки ҷиҳати иҷрои босамару саривақтии барномаҳои умумидавлатӣ боло мебардорад.

     Таъкид ба маврид аст, ки дар тулии 25 соли фаъолияти ҲХДТ роҳбарият ва кули аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Рушон низ баҳри пойдор намудани Ваҳдати миллӣ, рушди босуботи кишвар, созандагию бунёдкорӣ, сари вақт амалигардонии Барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба иҷро расонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешсафиро аз даст надода, баҳри ободиё пешрафти ватани азизамон Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд.

    Ноҳияи Рушон низ дар ин муддат  бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукуматим Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ нишондиҳандаҳои назаррасро соҳиб гардид. Муҳимтарин ва арзишмандтарин меваи ширини Истиқлолият барои ноҳияи Рушон ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Бартанг» аз соли 2013, «Барномаи рушди иҷтимоӣ иқтисодии ноҳияи Рушон барои солҳои 2016-2020» ва Нақша-чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Амалӣ гардидани барномаҳо ва нақша-чорабинии мазкур имконият медиҳад, ки некуаҳволии мардуми ноҳия боз ҳам баланд бардошта шавад.

    Тасдиқ гардидани Нақшаи генералии маркази ноҳия ба сохтмони иншоотҳо такони мусбӣ бахшид. Танҳо дар соли 2018 ва даҳ моҳи соли равон 46 млн 906 ҳазор сомониро ташкил медод. Ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар тулии 28-соли Истиқлолият аз 9 млн 902 ҳазор сомонии соли 2000 ба 13 млн 588 ҳазор сомонӣ дар соли 2019 расид.

    Соҳаи сотмон низ дар ин давра ривоҷ ёфта, даҳҳо биноҳҳои маъмурӣ, мактабҳо, майдончаҳои варзишӣ, фурӯшгоҳҳо, марказҳои тиҷоратӣ, коргоҳҳои истеҳсолӣ, тарабхона, ошхона ва биноҳои истиқоматӣ дар маркази ноҳия ва деҳот қомат афрохтаанд.

      Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушон корҳои созандагию ободонӣ идома ёфта, барои амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои мазкур аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои солҳои 2018-2021 маблағи 121135,0 ҳазор сомонӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ хароҷотҳо 74738,0 ҳазор сомонӣ ё 61,8%, буҷети вилоятӣ ва маҳаллӣ, 3980,0 ҳазор сомонӣ ё 4% ва сармоягузории хориҷӣ 37572,0 ҳазор сомонӣ ё 31%-ро ташкил медиҳад.

     Расидан ба ин ормон ҳар яки мо аъзо, ҷонибдорони ҲХДТ, шахсони солимфикр ва сахоапешро зарур аст,ки бо заҳматҳои шабонарӯзии аҳлона, софдилона ва содиқона дар партави си   ёсати хирадмандонаи Пешвои миллат тамоми саъю кӯшишро ба харҷ дода, баҳри боз ҳам ободу зебо намудани Ватани азизамон талош варзем Мо аминем, ки муттаҳидию ягонагӣ ва пойдории Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи мардуми Тоҷикистон ва пешрафти ташаккули давлати иҷтимоӣ муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва моро ба сӯи татбиқу нақшаю ҳадафҳои тақдирсоз раҳнамун месозад.   

     Боварӣ дорам ки ҲХДТ дар оянда низ бо иқдомҳои созанда ва барномаҳои воқеии худ мардуми ҷумҳуриро барои ободониву шукуфоии Тоҷикистони азиз-Ватани маҳбуби ҳамаи мо муттаҳиду сафарбар менамояд.  

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон:          Саидхонова Х. М