22 октябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ибтикори бахши кор бо занон ва оила вохӯрии занон ва фаъолони Ҷамоати Рӯшон бо роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Мадина» доир гардид. Дар чорабинии мазкур раиси Ҷамоати Рӯшон Гулсара Мирзошоева, собиқадори меҳнат Қобиламо Ѓуломшоева ва дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.
Гулдона Мералиева мудири бахши занон машваратро ифтитоҳ намуда, оид ба саҳмгузории ташкилоти мазкур дар баланд бардоштани сатҳи иқтисодию иҷтимоии занони ноҳия сухан намуд.
Набот Додхудоева раиси ташкилоти ҷамъиятии «Мадина» перомуни фаъолияти ташкилот, барномаҳо ва лоиҳаҳое, ки барои беҳбудии сатҳу сифати зиндагӣ аз ҷониби ташкилоти мазкур таҳрезӣ мегарданд, маълумоти фишурдаро ба аҳли нишаст арзонӣ дошт.
Инчунин, раиси ташкилот арз намуд, ки айни ҳол барномае дар самти ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва растаниҳои фоидабахш таҳрезӣ гардидааст, ки ташкилот метавонад дар ин самт зиёда аз 10 гурурҳҳоро Ҷамоати Рӯшонро дастгирӣ намояд.
Аҳли нишаст дар хотима барои ташкил намудани чунин гуруҳҳо мулоҳизаронӣ намуда, ба масъулини ташкилот барои баррасӣ намудани чунин лоиҳаҳо изҳори сипос намуданд.