WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат Хабарҳо

ЗЕҲНИЯТИ СОЛИМИ СИЁСӢ – КАФОЛАТИ БАҚОИ ДАВЛАТ.

Ёдгор ДОДИХУДОЕВ, номзади илми филологӣ, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики ДДБЗТ.

(Дар партави андешаҳои профессор С. Ятимов дар мавриди “Эҳёи миллат – бақои давлат”)

Ҷаҳонбинӣ ин маҷмуаи ақоид, боварҳо ва тасаввуроти як мактаби динӣ, фалсафӣ ё сиёсӣ, ки дар бораи падидаҳо, ҷаҳон, инсон ва ҷойгоҳи ӯ дар ҷаҳони ҳастӣ ва ё дар ҷомеа ва дар тақобул бо масоили иҷтимоӣ ироа медиҳад. Ба иборати дигар, ҷаҳонбинӣ як силсилаи эътиқодот ва бинишҳои куллии ҳамоҳанг дар бораи ҷаҳон ва инсон ва ба таври куллӣ дар бораи ҳастӣ мебошад. Зимни баёни мазкур бояд тазаккур дод, ки ҳар инсон аз рӯзи тавлид ёфтан ба дунёи ҳастӣ ниёзҳои заруриеро ба дунёи маънавият ва дунявият пайдо мекунад. Ин қабл аз ҳама одотест, ки шуури инсон ҳанӯз такмил ва рушд наёфтааст, дода мешавад. Сипас, баъди тадриҷан ба камол расидани ақлу шуури инсон, бо диду биниш ва ҷаҳонбинӣ рӯ ба рӯ мешавад. Маҳз ҷаҳонбинист, ки мақом ва мавқеи шахсияти инсонро дар ҷомеа ба куллӣ нишон медиҳад.

Мавқеъёбии инсон дар партави ҷаҳонбинӣ бевосита ба неруи тафаккур ва тааққул сурат мегирад. Худогоҳӣ ва худшиносӣ яке аз меъёрҳои аввалини ҷаҳонбинии моддӣ ва маънавии шахс дар шинохти давлату миллат ва муқаддасоту арзишҳои он маҳсуб меёбад. То даме, ки шахс бо такя ба тафакури солим, таҳқиқи амиқ, тафаҳҳус ва таҷассуси фардӣ дар шинохти хештан ва мақоми худро дар назди худии худ ва миллату давлат гом набардоштааст, ҳеҷ баҳрае аз ҳаёти шоиста наметавон дид. Зеро, мафҳумҳои ҷон, шахс, инсон, одам Ватан, модар, миллат, халқ ва амсоли инҳо дар домони зиндагӣ барои ҳар як инсон зарурӣ ва муҳим мебошанд. Бе онҳо ҳатто зиндагӣ тасаввурнопазир аст. Бинобар ин, онҳоро дар ҳар куҷо ва ҳар маконе, ки бошанд, ба ҷон бояд харид. Аз ин лиҳоз, ба қавли профессор С.Ятимов: «дарки манфиат, аз ҷумла, манофеи миллӣ муҳимтарин вазифаи маорифи саросарии кишвар, воситаи моил намудани омма ба арзишҳои тамаддунӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ба ин восита пешгирӣ кардани бархӯрди омма бо хатари эҳтимолии фоҷиаи умумимиллӣ мебошад.

Муаллиф возеҳ мегӯяд, ки фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона ҳамчун натиҷа раванди босуръати рӯз то рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ бо кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад. Самтгирии наврасону ҷавононро ҷониби ҷодаи шикасти манзалат ва маънавиёти миллӣ меафзояд. Пояҳои давлати миллиро ноустувор месозад. Ояндаи давлатдории миллӣ ва сулҳу суботи кишварро зери суол мебарад. Бинобар ин, вазифа ва масъулияти мо, зиёиён, муаллимон, омӯзгорон дар шароити имрӯз аз он иборат аст, ки бояд ба таври ҳатмӣ барои ғанӣ гардонидани ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии ҷавонон ва низ диду биниши онҳоеро, ки аз таълимоти мактаби бегонагон ва бегонапарастон таъсири манфӣ гирифтааст, саҳм гузорем.

Пеш аз ҳама мафҳуми давлату миллатро ба ҷавонон ба хубӣ тавзеҳ диҳем, арзишҳои милливу муқаддасоти миллатро ба тамоми дурустӣ барои онҳо биомӯзем. Ҳар яки мо шаҳрвандон бояд мазмун ва мафҳуми миллатро бо тамоми ҳастӣ ва арзишҳояш дарк намоем. Зеро то замоне ки маънои халқу миллат надонем, қадри ҳамдигару ҳамсояву ҳамдеҳаву ҳамватанро надонем, ҳеҷ гоҳ ба ҳам сарҷамъ нахоҳем шуд. Миллигаро ва миллатомӯз бояд буд, чуноне ки донишманди олмонӣ Мартин Лютер гуфтааст: «…ягона чизе, ки аз рӯзи тавлид то дами марг тағйирёбанда аст ва абадӣ мемонад, Миллат аст». (иқтибос аз мақолаи «Эҳёи миллат – бақои миллат»-и профессор С.Ятимов).

Масъалаи дигар ин ки, мо зиёиён бояд аз таърихи миллати хеш то ба ҳадди зарурӣ огоҳ бошем, зеро таърих аввалин меъёрест, ки метавон аз он нишонаҳо ва ибратҳои зарурие барои оянда гирифт ва дар зиндагӣ мустафид кард. Чуноне ки профессор С.Ятимов дар мақолааш «Эҳёи миллат – бақоми миллат» аз таърихи давлатдории Аврупо дар мавриди «Давраи Эҳё дар Аврупо» барои хосияти устувор бахшидан ба идораи давлат ва сохти давлатдорӣ ба ҳайси намуна овардааст, мо низ бояд дар пайравӣ ба чунин тарзи интихоби шаклгирии ҳаракат барои расидан ба мақсади ниҳоӣ саҳм гузорем.

Чуноне ки маълум аст, олимону донишмандони Даврони Эҳё аз мардуми ҳушманди замони худ буданд ва масъулияти ба дӯши онҳо гузошташударо хуб эҳсос мекарданд, инқилоби хешро аз ҷодаи илм, маориф, адабиёту санъат, аз «тарҳи нав дарандохтан» дар ҷаҳонбинии мардум оғоз карданд. Ташаббускорони Даврони Эҳё ҳамчунон хуб дарк мекарданд, барои ҷомеае, ки пешрафти иқтисодиёт ва дараҷаи тараққии ҳаёти иҷтимоии он ниёз ба таҳаввулоти инқилобӣ дорад, сохтор, муҳтаво ва сифати ҷаҳонбинии омма нисбат ба механизм ва мантиқи рушди иҷтимоӣ, мебояд дар таносуби пурра бошад.

Ҳамзамон бо ин, эҳёгарон ба хулоса омаданд, ки бидуни сохтани давлати миллӣ, ки манфиатҳои заминии миллат ва давлатро таъмин карда тавонад, ташкили зиндагии шарафмандонаи ҷомеа ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки Ҳофиз мефармояд: «Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем», бояд аз таърихи халқиятҳои гузашта таҷриба гирифта, дар оянда барои устувории амнияти ҷомеа, ҳаёти босуботи миллату давлат кушиши зиёдеро ба харҷ дод. Мо, зиёиёни кишвар итминони комил дорем, ки тавассути ҳар гуна ғояи баланду арзишманд, илму дониш, фарҳангу тамаддуни ғание, ки аз гузаштагони мо то ба имрӯз ба мерос мондааст, ҳаматарафа мавриди истифода қарор дода, ватанамонро боз ҳам зебову ободтар хоҳем кард. Инчунин, метавонем бо кӯмаки ҷавонони баору номуси ватанамон марзу буми кишвари азизамонро рушд бибахшем ва дар оянда низ аз халқу давлатамон дар ҳар гуна вазъият пуштибонӣ намоем.