WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Ахбор Хабарҳо

Дар Бӯстон ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 10.16.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябри соли 2023 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз ҷараёни иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

Роҳбарони ҳайатҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳиммияти имзои Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.

Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.