WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Шаби ёдбуди ситораи дурахшони ҳунар

Шоми  рӯзи 19 июл дар   деҳаи Шуҷанд  ба  хотири  гиромидошти  90-солагии солрӯзи Ҳунарпешаи  халқии  Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Абуабдуллои Рӯдакӣ, устоди   зиндаёд Гурминҷ  Завқибеков  маҳфили   бошукуҳи   фарҳангӣ баргузор  гардид.

    Майдончаи   маҳаллаи  Баршурви  деҳа, ки  аёми кӯдакию  наврасии  ду чеҳари  шинохтаи  фарҳангии кишвар– Гурминҷ  Завқибеков  ва Мусаввал  Минаков дар  кӯчаву  боғу  пуштаҳои  он  гузаштаанд,  бо  саъю ташаббус ва  ихлосу  муҳаббати сокинони  Шуҷанд ин шоми ситорарез ҷалолу  шаҳомати   хоса  дошт.   

  Созу  наво, рақсу  суханрониҳои   сокинони  деҳа, ки тӯли  ду соат   идома  дошт, далели эҳтирому  эътироф ва  муҳаббату  ихлоси  онҳо  буд   нисбати  ҳамдиёри  номдорашон  ва   акси  бузурги  устоди   зиндаёд, ки   дар  ҷойи намоёни майдон бо завқу  салиқаи  зебо   насб  шуда  буд, бо  лабханди  хосааш  гӯё  дар  ҷавоб  ба  онҳо   изҳори  сипос  менамуд.

  Аз тариқи  навор лаҳзаҳои  хотирмони  ҳаёту фаъолияти  устод манзури   бинандагон   гардид.

   Устод Гурмиҷ  Завқибеков дар  кино ва  театри   тоҷику  шӯравӣ  зиёда  аз 100  нақши  хурду  бузургро  офаридааст. Яке аз  комёбиҳои    намоёни ӯ  ин  таъсис  додани   осорхонаи мусиқӣ  мебошад, ки дар  он  даҳҳо навъи асбоби  мусиқии   миллию  ҷаҳон маҳфуз  буда,  ҳамасола садҳо  нафар сайёҳони  хориҷи  аз  он  дидан мекунанд. Баҳори соли  равон  Осорхонаи Гурминҷ дар  сатҳи  байналмилалӣ   барандаи  ҷоизаи   фарҳангии Оғохон  гардида, бо  мукофоти  пулӣ  қадрдонӣ  шуд.

   Аз  номи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳияи Рӯшон  мудири   бахши фарҳанги  ноҳия Саодат  Бозидова сухан  намуда,    хизматҳои  шоёну  шоистаи   шодравонро  дар  рушду  инкишофи  кино, театр ва  мусиқии  суннатӣ зикр   кард. Мавсуф афзуд, ки дар   деҳаи Шуҷанд  ҳар  як  ҳунари нафиса    мактаби устоду   шогирди худро  дошта,  аз  пушт  ба  пушт  такмилу  таҳвил шудааства умеду  итминон  аст, ки   аз ин  деҳаи фарҳангхез   боз чандин  Гурминҷҳо ва Мусаввалҳо  зу  хоҳанд  кард.

                                                                                       «Пайғоми Рӯшон»