WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ

   Дар соли рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомал- Раҳмон роҳандозӣ гаштааст, дар сар то сари  мамлакат бунёдкориҳои беназире ба чашм мерасанд. Дар ноҳияи Рӯшон ҳам соҳибкорон ба ободу зебо гардонидани диёрашон кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.

  Чанде қабл дар соҳили рудхонаи Хуф, дар деҳаи зебоманзари Пастхуф тарабхонаи «Навбаҳор» дари худро ба рӯйи мизоҷон боз кард. Дар ифтитоҳи он Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файз, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев, раиси ассотсиатсияи соҳибкорони ВМКБ Алибахш Боймамадов ва дигар   шахсони  расмӣ ширкат варзиданд.

Раиси вилоят ҳангоми суханронияш зикр намуд, ки «Тарабхонае, ки Фарид Навбаҳоров сохтааст, нахустин иншоотест, ки дар солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ ба истифода дода шуд. Беҳтарин кор аст, ки ҷавонони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ маблағ кор карда, дар зодгоҳашон ба ободкориҳо даст мезананд. Подоши меҳнатҳои сахту сангини Фарид Навбаҳоров имрӯз ҳамин тарабхонаест, ки бисёр зебову замонавӣ сохта шудааст. Дар ин макон на танҳо тӯй балки  дигар чорабинињои фарњангию омўзиширо гузаронидан имкон  дорад ва умедворам, ки ҳамин тавр ҳам мешавад.

Мардуми Рӯшон бо абармардони босахову ҳунармандони асилаш шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Шояд ба назари шумо муболиға тобад, аммо ин ҳақиқат аст. Ҳунармандони ин макони Тоҷикистони азизамон санъати волои тоҷикро дар хориҷи кишвар ҳам муаррифӣ карда, сазовори ҷоизаҳои баланде гаштаанд. Дар худи кишварамон бошад, аксари арбобони ҳунар, санъатварони асил зодаи Рӯшон мебошанд ва мо аз ин ифтихор дорем.

Хушбахтона, эстафетаи ҳунармандонро имрӯз соҳибкорон низ идома дода истодаанд ва амали неки Фарид Навбаҳоров намунаи барҷастаи он мебошад, ки аз соли 2003 то соли 2018 дар Федератсияи Роосия кору фаъолият дошта, нияти обод кардани як гӯшаи диёрашро дар дил парварид. Акнун дар рӯзи мавлудаш чунин як тарабхонаи замонавиро тақдими мову шумо кард. Аз мо барои Фарид Навбаҳоров барору комёбӣ. Тавфиқи кору рӯзгор.»

  Барои меҳмонон ва ҳозирин хӯрокҳои миллӣ ва  муосир пешкаш гардид.Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон