WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Маҳсулоти пастсифат — хатари ҷиддӣ ба солимии ҷомеа

4 июл дар  толори  хурди    мақомоти   иҷроияи   ҳокимияти  давлатии  ноҳияи  Рӯшон  вохӯрии кормандони  раёсати   стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва  нозироти  савдои ВМКБ    бо  соҳибкорони ноҳия    баргузор   гардид. Дар  вохӯрӣ,  инчунин, роҳбарони  баъзе  идораву муассисаҳои  дахлдори   ноҳия  ширкат    доштанд.

  Раиси  ноҳия Додхудоев  Фаррух  зимни  ифтитоҳи  вохӯрӣ   мақсаду  моҳияти  чорабиниро  ба   ҳозирон  маълум  кард.

   Масъалаи  эмин  нигоҳ  доштани    бозори  истеъмолии  кишвар  аз  воридшавии   маҳсулоти  пастсифат дар  Паёми   Пешвои  миллат (22 декабри соли 2017)  ба  таври  ҷиддӣ баррас гардида, таъкид  шуд, ки   мақомоти  ваколатдор  бояд дар  роҳи иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар   бораи  ҳимояи ҳуқуқи  истеъмолкунандагон»  чора   таъхирнопазир  андешида, дар  ин самт,  инчунин, Барномаи   бехатарии  маҳсулоти  озуқавориро  таҳия  ва  амал  намоянд.

  Гулмамадов  Гулмамад – муовини  сардори Раёсати   стандартизатсия, метрология, сертификатсия  ва  нозироти  савдои ВМКБ   қайд намуд, ки масъалаи мазбур, гарчанде  дар нимсолаи аввали соли гузашта то   ҳадде ҷоннок   шуда  бошад  ҳам, минбаъд  боз дар  ҳолати   пешинааш  боқӣ  монд. Дар  ҳалли  ин мушкилот   дар  баробари      мақомоти ваколатдор бояд ҳамаи истеъмолкунандагон ҳам  саҳмгузорӣ кунанд.  Мутаассифона, истеъмолкунандагон  аз ҳуқуқашон  дар асоси  қонуни марбута,  огаҳӣ  надоранд. 

   Харидор ҳуқуқ  дорад  аз  фурӯшанда   борхати  ҳисобӣ (счёт-фактура) ва  нархномаро  барои  шиносоӣ  талаб  намояд.   Ҳар   як моли воридотӣ бояд нишонаҳои   зерин   дошта   бошад: тамға (этикетка); суроғаи   пурраи истеҳсолкунанда; таркиби маҳсулот (аз  чӣ  иборат аст); нархи мол; зикри  стандарт;  санаи  истеҳсол ва  муҳлати истеъмол. 

   Муродасейнов  Озодбахт – мудири   бахши талаботи раёсати  зикргардида   афзуд,  ки дар мағозаҳои  қаламрави   вилоят  молҳои пастсифат  ва муҳлати  истеъмолашон   гузаштагӣ дар  фурӯшанд.  Дар   шаш моҳи соли равон дар  ВМКБ 8122 кг  маҳсулоти  пастсифат, аз  ҷумла,  150 кг маводи ғизо ва 1120  шишаи   шароби ғайристандартӣ  мусодира  гардид. 

  Молҳои  муҳлаташон  гузашта бояд аз  рафҳои мағозаҳо    дур  , ё  бо  нархи  арзон  фавран  фурӯхта  шаванд,  дар акси  ҳол     фурӯшандаҳояшон  ба ҷавобгарии ҷиноят кашида мешаванд.

  Маликова  Ҷамила –  мудири  озмоишгоҳи  раёсат  таъкид   дошт, ки раёсати вилоятӣ имрӯз  дорои  асбобҳои   замонавӣ  буда, имконияти   ташхиси  то 45  адад  маҳсулотро  дорад.мавсуф  қайд  кард, ки  дар  натиҷаи озмоиш  аз 592  намуди молҳо  (ширӣ,  спиртӣ, чой,  намак, оби ҷав, бозичакӯдакона)182   намуд ғайристандартӣ  дониста  шудаанд. Бахусус,   воридоти  намаки  бейод  ба   ноҳияҳо  вилоят  зиёд аст. Афзоиши касалии ҷоғар, қанд ва  саратон, ки дар якуним соли  охир   мушоҳида   шудааст, маҳз  ба  намаки  бейод марбут  мебошад. Феълан   дар  ноҳияи Рушон 1887  нафар   ба  касалии ҷоғар мубтало  мебошанд.

   Аз  ҷониби иштирокдорони   вохӯрӣ оиди   пешгирии  воридоти маҳсулоти  пастсифат баъзе  пешниҳодот  шуданд.  Аз ҷумла,  пурзӯр намудани постҳои раёсат  дар   даромадгоҳҳои вилоят, назорати   сифати  маҳсулоти полезӣ ва  сабзавот, манъ намудани   савдои   нӯшокиҳои  спиртӣ ва  ташнашикан  дар    зарфҳои  полиэтиленӣ, вақт  ба вақт  гузаронидани рейдҳои  муштараки мақомоти ваколатдор ва  ғайра.

                                                                                                 «Пайғоми Рӯшон»