16 октябри соли 2019 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон маросими бошукуҳи ифтитоҳи майдони мини-футбол ва майдонча барои дилхушӣ ва бозиҳои кӯдакона бо иштироки муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Мамадтоир, Вазири нақлиёти ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи миллииТоҷикистон дар Долони байналмилалии нақлиёти Аврупо-Осиё-Қафқоз, Қафқоз-Осиё Худоёрзода Худоёр, муовини раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва раиси ноҳияи Рӯшон Додхудоев Фаррух баргузор гардид.
Меҳмонони олиқадрро сокинони деҳа бо навои суннатии дафнавозӣ, ному намак ва кафкӯбиҳо истиқбол намуданд. Баъди буридани лентаи рамзӣ ҳайати баландпояи ҳукумати кишвар аз майдончаҳои футбол ва бозиҳои бачагона дидан карда, бо футболбозони наврас ва тифлакони кӯдакистонҳо мулоқоти кӯто анҷом доданд.
Зокирзода Мамадтоир ва Ёдгор Файзов дар назди ҷамъомадагон ба сухан баромада, ташаббуси соҳибкори ҷавон Некрӯз Худоёровро, ки дар муддати кутоҳ тавонист бо дастгирии сокинони деҳа ду иншооти зарурии замонавиро бунёд намояд, изҳори ташаккур карданд. Зикр гардид, ки Рӯшонзамин аз солҳои пешин ҳамчун макони паҳлавонони номӣ ва варзишгарони шуҳратёри кишвар ном баровардааст ва умеду итминон аст, ки бо бунёди бештари чунин майдончахои варзишию солимгардонӣ ин анъанаи пуршарафи варзишӣ боз ҳам равнақу ривоҷ ва идома меёбад.
«Пайѓоми Рӯшон»