WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

Пайғоми Рушон

Гузориш аз иҷлосияи 22 (даъвати панҷум) Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯшон

Рӯзи 20 феврали соли ҷорӣ дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи 20 (даъвати  панҷум) доир гашт. Иҷлосия масъалаҳои:

1.Ҳисоботи раиси ноҳияи Рӯшон дар бораи нақшаҳо ва барномаҳои тараққиёти иҷтимоӣ, иқтисодии ҳудуди дахлдор, ҳолати хоҷагидорӣ ва идораи объектҳои моликияти коммуналӣ дар соли 2019.

2.Дар бораи категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Рӯшон.

Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия, ки байни иҷлосияҳои бистуякум ва бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул шудаанд, мавриди муҳокима қарор дод.

Аз рӯйи масъалаи якум раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев баромад карда, аз иҷрои нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли сипаришуда ҳисобот дод.

Дар муҳокимаи масъала  Тақиев М. вакил аз ҳавзаи интихоботии Шидз №2, Пушов А. вакил аз ҳавзаи интихоботии Паднад № 12, Ёрмонов Г. вакил аз ҳавзаи интихоботии Рухч № 30 ширкат варзиданд.

Аз рӯйи масъалаи дуюм ва сеюм мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия А.Абдумамадов баромад кард. Иҷлосия  таклифи раиси ноҳия оиди  номгузории шаҳракро ба номи қадимаи  Вомар якдилона маъқул донист ва аз рӯйи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

 Дар фарҷоми иҷлосия раиси ноҳия Фаррух Додхудоев  ба вакилони иҷлосия, ки  охирин иҷлосияи худро гузарониданду ваколати вакилии онҳо ба анҷом расид, изҳори миннатдорӣ баён сохт. Минҷумла  изҳор дошт, ки ба неруи зеҳнии онҳо боварӣ дорад, ки минбаъд ҳам дар  инкишофу такомули ҷомеа саҳми арзандаи худро  хоҳанд гузошт.