Имруз дар ноҳияи Рушон бо ташабусси Раёсати молия дар ҳамкорӣ бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва институти «Ҷамъияти Кушодаи Бунёди мадад дар Тоҷикистон» семинар-омӯзиш оид ба масъалаҳои таҳияи буҷет,банақшагирии даромад ва хароҷотҳо, принсипҳои таъмини шафофияти буҷет баргузор гардид.Дар он муовини якуми раиси ноҳия Дустализода Г.Д, сармутахассиси шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони Раёсати молия, нозироти андоз ва муҳосибони идораву муассисаҳо , муҳосибони ҷамоатҳои деҳот иштирок намудаанд. Дар баробари баргузор шудани семинар-омӯзиш муовини якуми раиси ноҳия вобаста ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 28-сол суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.