Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 ҷоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушонро оид ба футбол соҳиб гардид
Аз санаи 06 то 19 майи соли равон бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон, бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дустиву ваҳдат байни наврасону ҷавонон ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба футбол байни муассисаҳои таълимии ноҳия дар варзишгоҳзи Дерушон ва Барушон доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур 10 даста аз муассисаҳои таълимӣ ва мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳия ширкат варзида аз худ маҳорати баланди касбиро нишон доданд.
Дар даври ниҳоии мусобиқа дастаҳои МТМУ №7-и деҳаи Барушон ва МТМУ №8-и деҳаи дерзуд роҳхат гирифта, байни ҳам рақобати шадидро нишон доданд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ анҷом ёфта, дар дақиқаҳои иловагӣ низ ғолиб муайян нагардид. Баъди вақти асосии бозӣ бо задани зарбаҳои 11 метра дастаи МТМУ №7 дастболо гардида, ҷоми мусобиқаро соҳиб шуд.
Ҳамин тариқ ҷоизадорон ва ғолиби мусобиқа бо ифтихорномаҳо, медалҳо ва ҷоми Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон қадрд гардиданд.