WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

РУШДИ БЕМАЙЛОНИ НОҲИЯИ РӮШОН ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН

(Посух ба интикоди беасоси мухолифоне, ки дастовардҳои чумхуриямонро нодида мегиранд).
“Тарбияи чавонон дар рухияи хисси баланди милли, ватандустиву ватанпарвари, омухтани илму хунархои муосир, аз таьсири акидаву равияхои бегонаи ифротпарасти эмин доштани онхо ва умуман мубориза бар зидди ифротгарои низ аз чумлаи самтхои мухими фаъолияти харрузаи рохбарону масьулон, фаьолону ахли хизб, падару модарон ва дар мачмуь ахли чомеа мебошад. “
Пешвои муаззами миллат Эмомали Рахмон.

 Мухолифони сиёсии Ватани азизи мо Точикистони нозанинамон одат кардан, ки рушду тараккиёт ва пешрафту комебихои чумхури, вилоят, бахусус нохияамонро нодида бигиранд ва иддао дорад, ки гуё аз соле ба соли дигар дар як чо истодему ягон навгонихо дар хаети кишвар дида намешавад. Шояд ин аз нотавонбинии онхо бошад, аз бахилию хасуди бошад ё дар мукобили харифашон дигар илоче надоранд, ё табиати ин тоифа мухолифон чунин бошад, ки хар гуна пешравихо руйдодхои иктисодию ичтимои фархангию илми ва сиёсию конунии чомеаи моро бо назари интикоди муносибат мекунанд.
 Ҳол он ки дар зарфи 31-соли сохибистиклолии Ватан, Бадахшон, минчумла нохияи зебоманзари Рушонзамин  бо як катор дастовардхои назаррас ноил гардиданд:

-13805м2 манзилхои истикомати
-27адад муассисахои таълимии миёнаи умуми барои 3640 чой
-ташкили кошонаи хусн,
-чор адад мехмонхона барои 45чой,
-сохтмони касри фарханг ва азнавсозии муассисахои фарханги.
-5адад маркази хизматрасони ва васл намудани алокаи мобилии ТСЕЛЛ, МЕГАФОН ВАВИЛОН
-азнавсозии рохи пиёдагарди нохия
-4адад нуктаи хизматрасони
-6 адад таьмири нуктахои наклиёт
-5адад сардхонахо
-20 адад хаммом
-14 адад сохтмони бунгохи тибби
-таьмир ва баркароркунии 5 адад шуьбахои табобатхонаи минтакави
-4 адад магозаи сеошёна
-сохтмони 7 майдончаи варзиши
-2 адад тарабхона барои 400 чой,
_таьмиру азнавсозии рох барои 98км
-сохтмони 13 адад купрукхои мошингард
-сохтмони НБО-и Хатфат
-сохтмони хати барки 35КВТ Вознавд – Язгулом
-сохтмони маркази нохия
-азхудкунии заммнхои нав
-боги Парчами милли
-18 адад гармхонахо ва дигар хочагихои кишлок.
Ҳамзамон кайд кардан зарур аст, ки ба ифтихори пешвоз гирифтани 35-солагии Истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон дар нохия 150 иншоотхои хурду бузург ба маблаги 32млн сомони ба накша гирифта шуда, мархила ба мархила амали шуда истодааст.
Чавоб ба хамаи ин гамхорихои Хукумати Чумхурии Точикистон дар назди хар яки мо танхо як масоил яъне манфиатхои миллиро дар мадди аввал карор дихем, арзишхои волои миллиамон, ба монанди Истиклолияти давлати, тамомияти арзи, суботи ичтимои ва вахдати милливу хамбастагии тамоми миинтакахои кишварро мукаддас донем, махалгароиро решакан намоем ва ба хотири хифз кардану таквият бахшидани онхо саъю кушиш намоем.
Аз хама асос ба таълиму тарбияи фарзандон, насли наврас ва чавонони нохияро, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онон аст, аз хифзу тахким бахшидани давлатдории милли густариши худшиносиву ватандори, муттахид шудан дар атрофи гояи “Точикистони азизу сохибистиклол ватани махбуби хамаи мо” , тахкими вахдату ризоияти милли халли масъалахои чавонон, хифзи арзишхои милли ва эхтироми забони давлати диккати чидди дода, хар кадом фарди ватандусту худогох, мехнатпарасту содик, хар як сохиб ватан вазифадор аст, ки дар амали гардонидани ин максадхо сахми арзандаи худро гузорад ва бо ин восита Точикистони азизамонро боз хам ободу зебо гардонем ва зидди амалхои номатлуб аз чумла, хатари терроризм ва экстремизм, ифротгарои, тундрави ва амсоли инхо бархурди геосиёсии чахони доранд, ки омилхои заифкунандаи пояхои истиклолияти давлати, сулху оромии кишварро доранд, муборизаи беамон ва сарчамьона барем ва ба хар як мухолифон дарси бузурги ватандориву мехнатпарасти дихем, то аз ин акидахои зухуротхои номатлубашон даст кашанд.

           ДУСТАЛИЗОДА ГУЛМАСТ-  МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮШОН
Наврӯзи РӯшонРӯзи 21 март кӯчаҳои деҳаи Баррӯшон серодам буд. Мардум сару либоси идона бар тан машғули гаштугузори идона. Наврасону ҷавонон машғули бозиҳои Наврӯзӣ ва хандаҳои шодмононаи онҳо баланд садо медод.Шиору овезаҳои мухталифи Наврӯзӣ деворҳои биноҳои ҳукуматӣ, муассисаҳои таълимиву мағозаву корхонаҳоро оро медоданд.Дар варзишгоҳи деҳа идораву муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ намоиши идонаро пешкаши тамошобинон намуда, дар рухи ҳар яки онҳо шодиву фараҳ ҳувайдо. Созу суруди наврӯзӣ дар ҳавои варзишгоҳ танинандоз.Мардум интизори роҳбарияти вилояту ноҳия.Расо соати даҳ роҳбарияти ноҳия дар ҳайати сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон, раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол ба дарвозаи варзишгоҳ расиданд. Дар пеши дарвоза бонувон меҳмононро бо дуҳули даф, ки рамзи хушбахтиҳост истиқбол карда, пас шогирдони мактаби санъат ва макотиби ноҳия меҳмонони олиқадрро бо қироати шеърҳо дар васфи Наврӯзи аҷам ва рақсу суруди хушомадӣ пешвоз гирифтанд.Баъдан меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовезҳои идораву муассисаҳои ноҳия, муассисаҳои таълимӣ, кормандони ҳифзулсиҳат, корхонаҳои саноатии ноҳия, маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, хӯрокҳои миллии дар худи варзишгоҳ тайёр шуда дидан карда, ба заҳмати мардум баҳои баланд доданд.Баъдан меҳмонон навхонадоронро ба ифтихори издивоҷашон муборакбод гуфта, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва маблағи пулӣ тақдим карданд. Ҳамчунин ба халифаҳои расмии ноҳия ва собиқадорони меҳнат низ маблағҳои пулӣ ба хотири гиромидошташон супориданд.Сипас сарпарасти ноҳияи Рӯшон аз Ҳукумати Марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, баъдан муовини якуми раиси ВМКБ Сафарзода Шарифхон ва сипас раиси ноҳияи Рӯшон Аҳмадзода Илҳом Шамол сухан карда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ифтихори ин ҷашни бузурги ниёгон табрику муборакбод гуфтанд.Аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия композитсияи адабӣ мусиқии “Наврӯз оламафрӯз” пешкаши меҳмонон ва аҳли нишаст гардонда шуд, ки саропо аз сурудҳои наврӯзиву баҳори нозанин иборат буд.Пас аз нисфирӯзӣ бозиҳои варзишӣ аз қабили гӯштини миллӣ, арғамчинкашӣ, волейболбозӣ ва ғайра доир гаштанд.Дар Ҷашни Наврӯзи Рӯшон меҳмонону паҳлавонону варзишгарон аз навоҳии Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, шаҳри Хоруғ, Роштқалъа ва Ишкошим ширкат варзиданд.Дар бозии волейболи занона ҷавондухтарони маркази ноҳия бо шогирдони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9 ва дар бозии волейболи мардона тимҳои деҳаи Бардара ва Деҳ бо ҳам рақобат карданд ва ҷавондухтарони маркази ноҳия ва тими деҳаи Деҳ ғолибиятро ба даст оварданд.Дар арғамчинкаши дастаи варзишгарони ноҳияи Ванҷ ба дастаи ноҳияи Рӯшон ғолиб баромада, соҳиби мукофот гардиданд.Дар гӯштини миллӣ шоҳҷоизаро варзишгари номии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шакармамадов соҳиб гашт.Гаштугузори идона то бегоҳ идома ёфт.