WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

КӮРИ ХУДУ БИНОИ ДИГАРОН НАШОЯД!!!!

Зиндаги гар довари якрӯй бошӣ пас чаро,
Аблаҳе аз бом афтад гардани мо бишканад?!

   Маҷрои ҳайёти пурҷӯшу хурӯши имрӯзаи ҷомеа батадриҷ монеаву душвориҳои ҳамарӯзаро барҳам зада ба ҳар самти фаъолияти соҳаҳои мухталиф такону суръати нав мебахшад. Дар тӯли солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи манотиқи кишвар рӯйдодҳои мусбии ба вуқӯъ,ки бемислу беназиранд.
 Мардуми Рушонзамин имрӯз аз он меболанд, ки бо шарофати сиёсати пухтакорона ва дурандешонаи роҳбарияти олии мамлакат дар ҳудуди ноҳия дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дигаргуниҳои куллие ба амал омаданд, ки нодида гирифтани онҳо камоли бехирадии маҳз аст.   
       Сохтмону ба истифода додани теъдоди зиёди иншооти гуногун, пешравиҳои ранҷу заҳмати сокинони ноҳия дар корҳои кишоварзӣ ҷабҳаҳои маорифу маърифат ҳифзулсиҳату фарҳанг соҳибкорӣ ва ғайра далели раднашавандаи ин гуфтаҳо мебошанд.
 Сарфи назар аз дастовардҳои ҳаёту рӯзгор ва маишати одамон онҳо барои тоифае аз ҳамватанони мо чун"хорест бар чашмашон". Ҳоло калимаи "ҳамватанон"-ро навишта баъдан ба андешае омадам, ки оё чунин ашхосро "ҳамватан" ном бурдан мумкин аст?!
 Онҳое ки дар пешрафти рушди диёри худ қатрае ҳам арақ нарехтаанд ба ҳар як руҷӯву амали сарнавиштсоз ба назари шубҳа ба ғараз менигаранд. 

Ин тоифа, ки худро “донишманди ҳама соҳаву зиёии асил” мепиндорад, буду набуди зиндагии пуртуғёни ҳозираро аз диди худ”тафсир” ва баҳогузорӣ мекунанд.
Бо чунин амалашон ин гуна”хайрхоҳон” бешаку шубҳа будани мақолаи”Гови бешир овози баланд дорад”-ро беихтиёр ба худашон пай набурда, исбот месозад. Оё қобили қабули хиради инсонӣ ва баркаши тарозуи идроку инсоф аст,ки афроди ҷудогона ва гурӯҳу гуруҳчаҳои “сарсупурдагони миллат” имрӯз дар Вашингтону Оттава, Парижу Варшава, Гамбургу Анқара дар булвару проспектҳои онҳо сайру гашт кардаву дар қаҳвахонаву тарабхонаҳо дакаданг маишат мекунанду ба сокинони Курговаду Водхуд Шипаду Тавдем, Намадгуту Бошгунбоз, Бархоруғу Вер чӣ тарз зиндагиву амал карданро карданӣ мешаванд?!
Барои ҳар шахси солимфикр пӯшида нест, ки тамоми хароҷоту сарфиёташонро хоҷагони бурунмарзии онҳо тибқи мақсадҳои стратегии худ пардохт мекунад. Нотавонбинон умуман як хислати ҳарина доранд, ки дар ҳама кору рӯйдоди ҳаёти ҷомеа танҳо падиди манфиро мебинанд. Рафтору кирдори онҳо ҳамеша мутобиқ ба чунин суханон аст:

      Айби худро кас набинад дар ҷаҳон,
      Бошад андар ҷустани айби касон.   

  Вале бадхоҳони диёри худ, мардуми худ ҳаргиз тобу тоқати ободиву сулҳу ваҳдат, сарҷамъиву ҳамдилии одамон ва инкишофу пешрафти ҷомеаро надоранд. 
  Онҳо маҷбуранд, ки бо истифодаи ҳар гуна воситаву васила,макру найранг, бӯҳтону таҳрибкорӣ маҷрои ҳаётро тағйир диҳанд, зеро онҳо бояд тангаву пайсаи хоҷагони хориҷиро"оправдать"  кунанд. 
 Бисёр мехоҳам, ки ба ин доираи танги камназарон афтода, боре ҳикояи Сотим Улуғзода "Марги Ҳофиз"-ро мутолиа кунанд,шояд он вақт ба мазмуну моҳияти вожаҳои"Ватандорӣ, Ватанхоҳӣ, Ватанпарастӣ" ва чӣ будани хиёнату ватанфурӯшӣ сарфаҳм раванд.

РОҲБАРИ ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯИ РӮШОН ШОМАНСУРОВ АЛИШЕР