WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

НАВРӮЗИ РАВШАНДИЛОН

22 март   дар  майдони варзишии  деҳаи   Барзуди Ҷамоати  ба  номи Назаршо Додхудоеви  ноҳияи Рӯшон  ҷашни Наврӯз бо ҷалолу  шукуҳи   хоса  таҷлил   гардид.

  Дашти Барзуд    беш  аз  30 сол  боз чунин маросими пуршукуҳро   дар  ёд надорад. Насли миёнсолу калонсол шоҳиданд, ки  дар даврони  ҳукмронии Давлати Шӯрави санаҳои  таърихии 1 май  ва  7   ноябр  дурӯзӣ  таҷлил мегардиданд ва    Дашти  Барзуд  дар  ин рӯзҳо ҷойи  асосии  баргузории  ин ҷашнҳо   буд. Намоишу  раҳпаймоиҳои оммавӣ бо шиору   овезаҳо, барномаҳои  ҷолибу  рангоранги фарҳангӣ,  мусобиқаҳои  гуштигирӣ ва аспдавонӣ бо иштироки  беҳтарин паҳлавонону човандозон ва дигар  тадбирҳои  идона хеле  хотирмон ҷараён мегирифтанд.  

   Бузургдошти  соли  нави  миллӣ – Наврӯз,  ки дар ин макони   таърихӣ бори аввал дар сатҳи  ноҳиявӣ баргузор  гардид, бо вусъату фарогирии тамошобин,   ба роҳ мондани  намоиши  маҳсулоти  кишоварзӣ ва ҳунарҳои  нафиса, омода  намудани майдонҳои   бозиҳои  кӯдакона,  фурӯши анвои гуногуни маводи  ғизо ва  дигар  ҷузъиёти марбут  ба  ҷашни    Наврӯз  воқеан ҳам камназир  буд. Ду ҳафта қабл  бо кӯмаки мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии  ноҳия ва сокинони  деҳаҳои  Дерзуд  ва  Барзуд  дар майдони варзишӣ корҳои  таъмиру  тармим бо суръат ҷараён  гирифта,  нишастгоҳҳои иловагӣ ва  минбар бунёд  ёфтанд…

   Маросими идона  соати даҳ  оғоз  гардид.  Намояндагони  расмии   сатҳи ҷумҳурӣ, вилоят ва  ноҳия — вазири нақлиёти   Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёрзода Худоёр, муовини аввали расии ВМКБ  Алишер  Мирзонаботов,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳия  Фаррух Додхудо ва  дигар  шахсонро дар  даромадгоҳи   варзишгоҳ  бо  русуми суннатӣ –дафнавозии  бонувон, бӯйгиёх, шогунайбун, табақай ва  шерхонии  наврасон  истиқбол  гирифтанд.

  Намояндагони  расмӣ нахуст аз   намоишгоҳи ҳунарҳои   нафиса ва  маҳсулоти кишоварзӣ    дидан карданд. Ҷамоатҳои  деҳот,  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  ва  идораву  муассисаҳои  ноҳия намунаҳои  ҳунарҳои пухтупаз,  бофандагӣ,  дӯзандагӣ,  наққошӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, анвои   гуногуни маҳсулоти кишоварзиро ба маърази  тамошо ва савдо  гузошта  буданд. Растаи   намоишгоҳро,  инчунин  созу  рақсу наво зебу  шукуҳи  бештар  мебахшид. Аз  номи  мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия  ба 23  нафар атфоли ниёзманд ба маблағи  2600 сомонӣ,  барои  2  ҷуфт  арӯсу   домод  600 сомонӣ ва барои 7 нафар собиқадорони меҳнат  1400 сомонӣ   тақдим  гардид.

   Намояндаи  Ҳукумати Марказӣ, вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода  Худоёр  ва  муовини аввали   раиси ВМКБ Алишер  Мирзонаботов   ҳозирин ва  дар симои  онҳо  мардуми Рӯшонзаминро  ба муносибати  ҷашни  Наврӯзи байналмилалӣ   табрику  таҳният  намуда, барояшон дар  кору  рӯзгор ва  ободии  Ватани маҳбубамон комёбиҳои рӯзафзунро таманно  карданд.

    Дар қисмати  фарҳангии маросими идона барномаи театрикунонидашудаи   бахши фарҳанги ноҳия ва  маъмурияти мактабҳои №6,7,8 ва  9  таҳти унвони  «Файзи Наврӯз» ба намоиш  гузошта  шуд.  Сухани шодбошии  поягузори Наврӯз, шоҳи нимасотирии Иронзамин – Ҷамшед,  рақсу  суруд ва  бозиҳои  гуногуни миллӣ  табъу  хотири ҳозиринро болида  гардонданд.

   Бахши  навбатии   барномаи идона аз  мусобиқаҳои гӯштӣ,  волейбол,  баскетбол, вазнбардорӣ ва  арғамчинкашӣ  иборат   буд. Бахусус, бозии волейбол  чун ҳарсола  хеле  шавқовар   баргузор  шуд. Дар  бозии  финалӣ  дастаи «Вамар»  бар дастаи «Спонҷ»  бо ҳисоби  3:0    пирӯз  нардид. Ба ҳар яки  ин  дастаҳо    аз ҷониби  вазири нақлиёт Х.Худоёрзода ва  муовини  раиси ВМКБ А. Мирзонаботов 2000 сомонӣ ва  аз ҷониби  мақомоти  ноҳия мутаносибан 1500 ва  850 сомонӣ тақдим  шуд. Дар мусобиқаи гӯштии миллӣ паҳлавонони  ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, Ванҷ ва  шаҳри Хоруғ  низ  ширкат  варзиданд.  

   Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  ноҳия   барои мусобиқаҳои варзишии  наврӯзӣ – волейбол,  баскетбол, шоҳмот, вазнбардорӣ ва арғамчинкашӣ  дар маҷмуъ маблағи 3100 сомониро  сарф  намуд.

   Ҷашни Наврӯз  аз оғоз  то анҷом дар фазои суруру  шодмонӣ, дӯстию  бародарӣ  ва иттиҳод ҷараён  гирифта,  оммаро  ба ободкориҳои нав ба нав руҳбаланду  раҳнамун   намуд. 

                                                                                                  «Пайғоми Рӯшон»