Хонандагони азизу гиромӣ! Инак, шумораи тозанашри замимаи фарҳангии моҳномаи «Пайғоми Рӯшон» —“Оинаи сафо”-ро дар даст доред. Маъзарат мехоҳем, ки соли гузашта ба иллати камбуди молиявӣ «Оинаи сафо» ба дасти чоп нарасид.
Соли равон бо дастгирии маќомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия нашри замима дар ҳар семоҳа ба наќ– ша гирифта шудааст.
Бо амалӣ шудани ин нияти нек шумо метавонед доир ба фарҳанг, адабиёт, таърих, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, суннатҳои бостонӣ, расму анъанаҳои мардумӣ, ахлоќу маънавиёт, чеҳраҳои шинохтаи ноҳия ва цайра матолиби ҷолибро мутолиа намоед.
Умедворем, ки бо мададу дастгирии молию маънавӣ ва маслиҳату машварати шумо, хонандагони азиз, ба боз ҳам пурмазмуну рангинтар гардидани «Оинаи сафо» муваффаќ мешавем.
Ҳайати эҷодии «Пайғоми Рӯшон»