Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода бо фаъолони ноҳияи Рӯшон баргузор гардид.
Дар оғоз гузориши муовини аввали раиси ноҳия Дӯстализода Гулмаст оид ба натиҷаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар шаш моҳи соли равон шунида шуд.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Худоёрзода Худоёр, ки бо супориши Пешвои миллат бо мақсади тақвият додани омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун масъул ва роҳбари гуруҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон таъин шудааст, перомуни бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия изҳори назар намуда, барои ҳалли мушкилот ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, маслиҳату дастурҳо дод.
Вазири нақлиёт пешравиҳои ҷумҳуриро дар ҳалли мушкилоти соҳаҳои барқ, нақлиёту алоқа ва таъмини амнияти озуқворӣ самараи истиқлолияти кишвар маънидод намуд.
Мавсуф, аз ҷумла, қайд намуда, ки дар ноҳияи дар давоми се-чор соли охир 114 иншооти муҳим тибқи нақшаи Ҳукумати марказӣ тасдиқ гардида, то 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бояд сохта ба истифода дода шаванд. Дар ин самт фориғболии баъзе роҳбарони идораву муассисаҳои ноҳия таъкид гардид.
Х.Худоёрзода фаъолони ноҳия ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони Рӯшонзаминро даъват намуд, ки дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон фидокорона саъю талош намоянд.
Мулоқотро раиси ноҳия Додхудоев Фаррух ҷамъбаст кард.