WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Таҷаммули наврӯзи Бадахшон

Варзишгоҳи деҳа чунин ҷашнвораи шукуҳманду хотирмонро бо ҳузури намояндагони Ҳукумати марказӣ, роҳбарияти вилояту ноҳия ва иштироки густурдаи тамошобинон, ҳунармандон, санъаткорону варзишгарон, ки шаҳри Хоруғ ва тамоми ноҳияҳои вилоятро намояндагӣ мекарданд, бори аввал шоҳид мешуд. Ҷашнгоҳ аз соати ҳашти саҳар бо издиҳоми гулгунпӯш, афзори гуногуни ороишӣ ва созу навои марғуб ҷалолату латофати беназир дошт. Дар ҳошияи майдон ҳунармандони ҷамоатҳои Муъминшо Абдулвасиев, Назаршо Додхудоев, Рӯшон, Пастхуф, Бартанг, Басид ва Савноб, идораю муассисаҳои ноҳия –шуъбаи маориф, интернати ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои таълимии рақами 6,7,8,9,12,24, кӯдакистонҳои рақами 1, 2, 3, китобхонаи марказӣ, литсейи касбии махсуси маъюбон, табобатхонаи марказӣ, маркази саломатӣ, МНДСЭ, маркази касалиҳои тропикӣ, маркази ВНМО, шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон, филиали маркази таълими калонсолон, бонкҳо, идораи рӯзномаи «Пайғоми Рӯшон», инчунин, устодони ҳунарҳои нафисаи ноҳияҳои Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ, намунаҳои ҳунарҳои хӯрокпазӣ, қаннодӣ, чӯбтарошӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, кандакорӣ, наққошӣ, оҳангарӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, боғдорӣ, моҳипарварӣ, табъу нашр ва ғайраро барои намоишу фурӯш гузошта буданд. Маросими «Наврӯзи Бадахшон» соати даҳ оғоз ёфт. Ҳайати расмиро, ки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода, вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Худоёр Худоёрзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи- кистон, раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, муовинони раиси вилоят, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев, роҳбарони идораву муассисаҳо ва мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, намояндагони шабакаҳои фонди Оцохони 1V ва дигар шахсон шомили он буданд, дар даромадгоҳи майдони ҷашн бо дафнавозӣ ва шеърхонӣ истиқбол намуданд. Меҳмонон аз силсиларастаҳои ҳунармандони чирадаст, ки навъҳои гуногуни маҳсулоташонро барои тамошо ва савдо пешниҳод карда буданд, дидан карданд. Аз номи вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба 20 нафар писарбачаҳои ятим ба маблағи ҳашт ҳазор сомонӣ пӯшоку пойафзол тақдим гардид. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 10 нафар собиқадорони меҳнатро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ намуд. Ҷамъомадагон ва дар шахсияти онҳо тамоми сокинони вилоятро нахуст узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ва сипас, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода муборакбод намуда, барояшон дар кору рӯзгор ва ободии Ватани азизамон комёбию пирӯзӣ таманно намуданд. Қисмати фарҳангии барномаи наврӯзӣ бо ҳунарнамоии санъаткорони ноҳияи Рӯшон оғоз ёфт. Дар композитсияи адабию мусиқии равшандилон тамоми ҷузиёти суннатҳои фарҳангию иҷтимоии наврӯзӣ бо рақсу суруд ва бозиҳои гуногуни миллӣ инъикос гардиданд. Дар идомаи ин барнома санъаткорони шаҳри Хоруц, ноҳияҳои Мурғоб,Ишкошим,Шуғнон, Роштқалъа, Ванҷ ва Дарвоз созу навои дилошӯбашонро пешкаши тамошобинон гардонданд. Бахши варзишии идона аз бозии волейбол, вазнбардорӣ, бандкашӣ ва албатта, гӯштии миллӣ иборат буд. Дар бозии волейбол тимҳои мардонаи ноҳия ва дар вазнбардорӣ, ресмонкашӣ ва гӯштӣ варзишгарони ноҳияҳои Ванҷ,Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ ширкат варзиданд. Ба ғолибон мукофотҳои молию пулӣ тақдим шуд. Шоҳҷоизаи мусобиқаи гӯштигирон – автомашинаи сабукрав насиби паҳлавон аз водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ Фарҳод Шайхов гардид. Наврӯзи Бадахшон аз бом то шом дар муҳити хушию шодмонӣ, дӯстию бародарӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифта, ҳозирон аз он таассуроти нек бардоштанд.

PS. Наврӯз, ки бидуни шак, молу мероси воқеии мо, озодазодагон маҳсуб мешавад, акнун бо рисолати таърихии худ – пайвандгари дирӯзу имрӯз, васлсози олами руҳонию ҷисмонӣ, эҷодгари хушию зебоӣ, мояи ваҳдату иттиҳоди кулли мавҷудоти замину осмон ба тамоми башарияти сайёраи Замин тааллуқ дорад. Аз ин хотир, азамату манзалати ин иди осмонӣ фаротар аз замону макон аст. Бигзор, Наврӯзи имсола бар муроду орзуҳои неки ҳамагон бошад!                                                                Лутфишо ҚИМАТШОЕВ