WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

Ҷаласаи назди Раиси ВМКБ баргузор гардид

Дар заминаи шарҳу тавзеи нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ҷаласаи навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ баргузор гардид.

  Дар кори ҷаласа вобаста ба фаъолияти соҳаи иҷтимоии вилоят, тарғиби ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи риояи забони давлатӣ” дар идораву муассисаҳо, ба шуғл фаро гирифтани занону бонувон ва ҷалби ҷавонони вилоят ба тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳамзамон беҳбуд бахшидани  таълиму тарбия мавриди баррасӣ  қарор дода шуд.

Раиси ВМКБ Мирзонбот Алишер Худобердӣ нахуст аз нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакатро дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ёдоварӣ намуда, таъкид кард, ки дар баробари дигар самтҳои хоҷгаии халқ дар Паёми навбатӣ таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии мамлакат ба рушди иҷтимоӣ, хусусан бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва муҷаҳҳаз бо шароити ҳозиразамон ҷалб кард. Ба замми ин дар Паёми навбати диққати асосӣ ба баланд бардоштани мақому манзалати занону ҷавондухтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда равона гардида, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ман ба неруи созандаи ҷавонону бонувони мамлакат боварӣ ва эътимоди калон дорам.

Раиси вилоят он нуқтаро баён намуд, ки маҳз ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки имрӯзҳо ба ҷавонону бонувон имкониятҳои мусоид ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа дода мешавад. Ба замми ҳамаи ин таъкид гардид, ки насли ҷавон ва занону ҷавондухтарон низ бояд дар ҷавоб ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат мавқеи намоёнро нишон диҳанд.

Ҳамчунин раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ ба муовинони идеалогии шаҳру навоҳии вилоят, шуъба ва бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ аз ҷумла занону ҷавонон, маорифу Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти корӣ, риояи интизоми меҳнат ва дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ, ҷалби бонувон ба духти либосҳои мактабӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дастур дода шуд, сохторҳои марбута бояд вобаста ба фаҳмонда додани ҳар як банди Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраку деҳот корбарӣ намуда, сокинонро аз рушду пешрафти шаҳру навоҳии вилоят воқиф гардонанд. Ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани фаъолияти корӣ, ба масъулини шаҳру навоҳии вилоят, раёсатҳои маориф, кор бо ҷавонон ва варзиш, супоришҳои иловагӣ доданд.