WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

БАРОМАДИ ХОТИРМОНИ САНЪАТКОРОНИ РЎШОН ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ «АНДАЛЕБ -2021»

      Имрўз  Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ, ки ба  30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида шудааст,  дар  Қасри фарҳанги ноҳияи Рўшон хотирмон сурат гирифта, бори дигар аз санъату фарҳанги волои мардуми равшанзамири Рўшон мужда расонд. 
      Мақсад аз баргузор намудани фестивали  номбурда нишон додани дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ буда, баҳри дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ баргузор гардидани он  тамоми муассисаву идораҳо ва ашхоси алоҳида вазифадор гардиданд. 
      Ҳайати ҳакамон - таҳти роҳбарии директории Маркази эъодиёти халқ, Мамадамонов Сорбон ва аъзоён Аноргул Қурбонмамадова - устоди рақси театри вилоятӣ, Мулкамон Мамадамонов - раиси бахши бадахшонии Иттифоқи Арбобони санъати Тоҷикистон, Ёқуб Мавлоназаров -сармутахассиси  Маркази эҷодии халқ ва Салим Силмонов - муовини директори  ансамбли «Навои Бадахшон»  ба ҳунарнамоии санъаткорон баҳогузорӣ намуданд. 
      Фестивал - озмун аз 11 шарт - намоиши ҳунарҳои мардумӣ, суруди дастаҷамъӣ (бе сози мусиқӣ), намоиши сару либоси миллӣ, навозиши умумӣ,  рақси якка, суруди якка бо либоси миллӣ, навозиши якка бо сози нодири миллӣ, бадеҳа, дуэт ё лапар, суруди анъанавӣ, саҳначаи ҳаҷвӣ, порча аз анъанаҳои мардумӣ, сюитаи овозию рақсӣ иборат буд. 
      Чорабинии номбурда аз  намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, ки бо ташаббуси аҳли Ҷамоатҳои ноҳия ташкил шуда буд, ифтитоҳ гардида,  раиси ноҳия Додхудо Фаррух Муборакшо, муовини раиси ноҳия Чоршанбезода Лайло ва ҳайати ҳакамон аз он дидан намуда, ба ҳунари волои дастандаркорон баҳои арзанда доданд.
      Сипас, иҷрои шартҳои номбаршуда  дар толори Қасри фарҳанг аз ҷониби иштирокчиён бо маҳорати баланди касбию ҳунарӣ иҷро гардида, аҳли толор  аз  тамошои он ҳаловат бурданд. 

Дар хотима Мулкамон Мамадамонов барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинӣ ба раиси ноҳия ва масъулини озмун изҳори сипос намуда, иҷрои ҳар як шартро бо мисолҳои возеъу равшан ба саъми ҳозирин расонда, баҳри ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳои судбахшро арзонӣ дошт. Мавсуф бо ифтихору қаноатмандӣ аз санъату санъаткорони Рўшон ёдрас гардида, барномаи пешниҳодшудаи ҳунармандони ноҳияро айни замон яке аз беҳтаринҳо номида, дар маҷмўъ 113 холро ба онҳо лоиқ донистанд.

                                           «Пайғоми Рӯшон»