WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ВОХУРИИ ГУРУХИ КОРИИ ВИЛОЯТИ ВОБАСТА БА АХАМИЯТИ ИЧЛОСИЯИ ШУРОИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Таърихи 11 ноябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон тибқи супориши Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри сазовор таҷлил намудани 30-солагии Ичлосияи XVI-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гуруҳи кории ташвиқотӣ – тарғиботӣ бо рохбарии Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, ходими пешбари шуъбаи таърих, археология ва этнографияи Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров устод Қурбон Аламшоев, Сардори Раёсати илми ДДХ ба номи М. Назаршоев устод Азатшо Насриддиншоев бо сокинону кормандони идораву муассисахои нохия баргузор гардид. Хайати гуруҳи кориро муовини раиси ноҳияи Рӯшон Чоршанбезода Лайло ҳамроҳи намуда, аз ташрифашон ба ноҳия изҳори сипос намуд.
Раиси КИ ХХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда дар баромади худ қайд намуд, ки ноҳияи Рӯшон яке аз пешрафтатарин нохияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дорои корхонаҳою иншоотҳои бузургу замонавӣ мебошад, ки ҳамаи ин шоҳкорҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Ходими пешбари шуъбаи таърих, археология ва этнографияи Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Академик Б. Искандаров устод Қурбон Аламшоев дар бораи рисолаи номзадии худ “Тарҷумаи ҳоли Шириншоҳ Шоҳтемур” сухан гуфта, ёдрас намуд, ки биографияи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ин биографияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро хидмати эшон дар ташкили давлати Тоҷикистон хеле бузург аст. “Осиёи Миёна макони тоҷикон аст, зеро ин қавми қадимтарини дунё мебошанд ва бояд соҳиби давлату миллат гарданд.”- қайд намуда буд ин родмард. Соли 1924 ҶМСТ дар дохили Узбакистон таъсис гардида, соли 1925 ҶМТ эълон гардид. Дар он замонҳо аз тарафи давлати ҳамсоя-Афғонистон бар сари мардуми Тоҷикистон зулму ситами зиёд омада буд. Ин қавми хонумонсӯз хонаҳою мадрасаҳоро сӯзонда, мардуми бечораро ғуломи худ сохтанд. Халқи тоҷик аз қадим душманони зиёд доштанд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон боз ҷанги шаҳрвандӣ сар зада, қувваҳои исломӣ сар бароварданд ва ҷинояткориву куштор оғоз гардид. Вазъият дар он замон хеле вазнин буд. Хушбахтона ба майдони сиёсат абармарде бо номи Эмомалӣ Раҳмон ворид гардида, миллатро сарҷамъ намуд ва ба ҳамаи ваъдаҳои додааш вафо кард.
Сардори Раёсати илми ДДХ ба номи М. Назаршоев устод Азатшо Насриддиншоев сухани худро бо чунин байтҳо оғоз намуд:
Агар Сарвар намешуд оли Раҳмон,
Биҳиштосо намешуд Тоҷикистон.
Сокинони ноҳияи Рӯшон мардуми бофарҳангу донишманд буда, бо дастовардҳои бузургашон на танҳо дар ҷумҳурӣ балки дар сатҳи ҷаҳон машҳуранд. Ноҳияи Рӯшон дар ВМКБ ягона ноҳияест, ки дорои се муассисаи таълимии типи нав мебошад, ки ин аз таваҷҷуҳи зиёди Пешвои муаззами миллат нисбати мардуми ин нохия шаҳодат медиҳад. Барои ҳамин бояд шукргузор бошем, шукрона аз ободиву озодӣ намоем. Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон ба қатори даҳ давлати осоиштаи дунё дохил мешавад. Агар доим сарҷамъ ва муттаҳид бошем, ягон қувва наметавонад ба марзу бум, нангу номус ва оромии кишвар дахолат намояд. Барои ҳамин лозим аст, доимо муттаҳид бошем ва вазифахои ба зимма доштаамонро аз сидқи дил иҷро намоем.
Вохӯрии мазкурро муовини раиси нохия Чоршанбезода Лайло ҷамъбаст намуд.