WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Сиёсат

ХУД ҶАВОНУ ТАҶРИБААШ БУЗУРГ

Рӯ овардан ба ҷавонон ин рӯ овардан ба ояндаи дурахшони давлат аст. Зеро ҷавонони имрӯза бо ҷаҳонбинии васею  илму дониши мукаммал ҳамқадами замон буда, дорои малакаи хуби корӣ ва бархурдор аз илму технологияи муосир мебошанд. Имрӯз ба ин қишри созанда таваҷҷӯҳи Ҳукумати мамлакат, шахсан Роҳбарияти олии кишвар хело назаррас буда, пайваста баҳри дастгирию ҳавасмандкунии онҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Қабул гардидани даҳҳо барномаву стратегияҳо дар самти кор бо ҷавонон, таъсиси идрорпулиҳо, квотаи Президенти барои ҷавонони лаёқатманд, мукофотонидани онҳо бо мукофотҳои давлативу унвонҳои фахрӣ ва таъини онҳо ба мансаби баланди роҳбарӣ  шаҳодати гуфтаҳои болост.      
  Пешвои муаззами миллат дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба ин қишри созанда диққати зарурӣ равона намуда, барои фароҳам овардани шароит барои тахсилу фароғати онҳо ба идораву муассисаҳои дахлдор дастурҳо медиҳанд. Ва дар яке аз Паёмҳои хеш иброз доштанд, ки "Ҷавонон имрӯзу фардои давлату миллатанд, онҳо давомдиҳандагони кору пайкори насли калонсол ва ояндаи дурахшони давлат дар дасти онҳо мебошад" . Имрӯз ҷавонон дар вазифаҳои баланд адои вазифа намуда, худро бо донишу фарҳанги худ, бо масъулияти баланд ва ташаббускорӣ хеле хуб нишон медиҳанд. Ва яке аз чунин ҷавонони соҳибтаҷриба, ташаббускор ва донишманд, ки бо касбияту ташкилотчигӣ ва хизмати шоиста баҳри дифоии Ватан, кору фаъолият намуда истодааст, ин  Мирзонабот Алишер  Худойбердӣ мебошад, ки дар синни ҷавонӣ бо  рутбаи ҳарбии генерал-майор аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдонӣ гардиданд, ки ин боиси ифтихори мо сокинони вилоят гардид. 
  Ба ҳайси Раиси вилоят таъин гардидани мавсуф, вилоят дар кӯтоҳтарин муҳлат бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, шахсан Пешвои миллат ва кулли сокинони бедордили вилоят рӯ ба рушду тараққиёт оварда, симои худро ба таври афсонавӣ тағйир дод. Аз ҳама асос ин, ки сокинон доим дар оризуи он буданд ин таъмини волоияти қонун дар вилоят пурра побарчо шуд. Имрӯз ҳар яки мо шоҳиди ҳол ҳастем, ки Бадахшон ба марҳилаи нави созандагӣ рӯ оварда, сокинон ба зиндагии шоиставу созгор ноил гардиданд. Барои ин гуна ҷавонони содиқу ватандӯст дар оянда низ муваффақиятҳои беназир хоҳонем. Бошад, ки сафи чунин ҷавонон дар кишварамон зиёд гардаду корнамоиашон барои насли наврас намунаи ибрат бошад. Тамоми сокинон дар бари ин роҳбари ҷавон гирд биёему аз як гиребон сар бароварда диёри худ ва давлати овозадори худро боз ҳам пешрафтаву мутараққӣ гардонем.

РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ РУШОН
Саидхонова Холисамо