WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

«Тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук аз аттестатсия гузаронида шаванд», «Одоби моҳи шарифи Рамазон. Мо кай ёд мегирем?»,-шарҳи матбуоти даврӣ

ДУШАНБЕ, 16.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир  ба ҳодисоти  дохил ва рӯйдодҳои  берун аз   мамлакат  чӣ андеша доранд?   Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад. 

Ин ҳафта хабару гузоришҳо аз мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдории ҷумҳурӣ дар сархати расонаҳои ҷумҳурӣ    қарор доштанд.

Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият»,  шумораи рӯзи  13  майи   соли равон (№90 (23693))  дар саҳифаи 1-3 таҳти сарлавҳаи «Пешвои миллат: «Тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрук аз аттестатсия гузаронида шаванд» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар вохӯрӣ бо  кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкдории  ҷумҳурӣ  ба нашр расидааст.

Пешвои миллат  зимни суханронӣ аз мавҷудияти  камбудиву нуқсонҳои зиёд дар фаъолияти  бархе аз кормандони соҳаҳои зикршуда изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла,  чунин иброз доштаанд: «Дар даҳ соли охир аз 45 миллион сомонӣ зарари молиявии аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  дар низоми молияи кишвар ошкоршуда 39 миллион ба шуъбаҳои  хазинадории мақомоти молия дар маҳалҳо ва  аз 119 миллион сомонӣ зарари дар низоми андози кишвар  ошкоршуда 118 миллион сомонӣ  ба раёсатҳо ва нозироти андоз дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо рост меояд, ки ин хеле ташвишовар аст».

Президенти мамлакат дар ин робита  супориш доданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки дар асоси таъсиси комиссияи босалоҳият аз моҳи июни соли 2019 сар карда, тамоми мансабдорону кормандони мақомоти молия, андоз ва гумрукро аз аттестатсия гузаронанд. Дар баробари ин, бо дарназардошти талаботи замони муосир зарур аст, ки низоми арзёбии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ  мунтазам такмил дода, ба Низомномаи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд».

Дар шумораи дигари рӯзномаи «Ҷумҳурият»  (10.05.2019 №89) таҳти сарлавҳаҳои «Дар моҳи Рамазон олиҳимматӣ мебояд», «Хатлон дар масири нави рушд», «Масъулон гӯши ҳақшунав надоранд», «Нашъамандӣ. Аз шикасти зиндагӣ то паёмадҳои фоҷиавӣ», «Ҳисор. Шаҳре, ки шукуфтан дорад», «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди кишвар» ва дигар  матолиби  ҷолиб ба нашр расидаанд.

Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№55, 16.05.2019)   таҳти сарлавҳаи «Ҳунармандӣ боиси эҳёи ҳунарҳои фаромӯшшудаи мардумӣ мегардад» гузориши мукаммалро аз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 14 майи соли равон таҳти раёсати Раиси Парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  доир гардид, ба нашр расонидааст.

Дар гузориши мазкур омадааст, ки  зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» Шукурҷон Зуҳуров  чунин иброз дошт: «Вакилони муҳтарам! Бо рушди ҳунармандӣ дар кишвар ҷойи кори зиёд ба вуҷуд меояд. Марказҳои ҳунармандӣ таъсис меёбанд, дар хонаҳо ҳунарҳои гуногун тавлид мешаванд. Ҳоло як қатор ҳунарҳои қадимӣ аз байн рафтаанд, ки эҳёи онҳо вазифаи муҳими мансубини соҳа хоҳад буд. Қисмати бештари ҳунармандон солашон ба ҷое расида, омӯзонидани ҳунари онҳо ба ҷавонон вазифаи таъхирнопазири Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳунарҳои миллиро эҳё кардан зарур аст. Сайёҳони хориҷӣ ҳангоми ба ҷумҳурӣ омадан аз маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ харидорӣ намуда, ҳамчун армуғон мебаранд».

Дар шумораи навбатии нашрияи русзабони «Народная газета» матни суханронии Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ дар соҳаҳои номбаршуда чоп шуда, гузориши расмӣ дар бораи иштироки Сарвари давлат дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва суханронӣ ба муносибати ин рӯз   пешниҳоди хонандагон шудааст.

Дар робита ба   мулоқоти Сарвари давлат бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук ва бонкдории  кишвар доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Рамазон Раҳимзода мақолаи таҳлилӣ таҳти сарлавҳаи «Амнияти иқтисодӣ – ҳадафи стратегии давлат» навиштааст. Муаллифи мақола зарурати мулоқоти мазкурро чунин таъкид  кардааст: «Дар таъмини амнияти иқтисодӣ, дар баробари шаклу воситаҳо ва  намудҳои гуногуни тадбирҳои ҳуқуқӣ (ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ҷиноятӣ-ҳуқуқӣ, маъмурӣ-ҳуқуқӣ, мурофиавӣ, криминологӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва ғайраҳо) мақоми асосиро чораҳои молиявӣ, андоз, гумрук, бонкҳо ва соҳаи сармоягузорӣ ишғол  мекунанд. Мавҷуд будани ин тадбирҳо, воситаҳо ва усулҳо дар шароити имрӯзаи  зиёд шудани таҳдидҳо ба амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амри зарурӣ  мебошад».

Нашрия вобаста ба баланд шудани нархи гӯшт дар бозорҳои ҷумҳурӣ мусоҳибаи хабарнигори рӯзномаро  бо  мутахассиси соҳа Дилшод Қурбон нашр кардааст, ки дар ин матолиб  сабабу омилҳои ин ҳолати мазкур ва роҳҳои бартараф кардани он баррасӣ шудаанд.

Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Зуҳуроти номатлубро решакан кунем!», «Хеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад!», «ТУТ: «Вазъи садамаҳо дар роҳҳои кишвар боиси нигаронист», «Ғаллазорҳоро аз оташ ҳифз бояд кард», «Одоби моҳи шарифи Рамазон. Мо кай ёд мегирем?»,  «Арзонӣ баракат меорад», «Миллатро зиёиён муаррифӣ мекунанд», «Боварӣ кӯҳро аз ҷояш меҷунбонад», «Фоидаҳои шоҳтут» ва «Табиат хонаи мост».

Дар  мақолаи  «Одоби моҳи шарифи Рамазон. Мо кай ёд мегирем?»  муаллиф С.Юсуф  доир ба як  матлаби  хабаргузории номӣ — РИА «Новости»  дар бораи  иқдоми  соҳибкор Темур Дударов аз  Ҷумҳурии Кабардину Балқари Федератсияи Россия,  ки тасмим гирифтааст  дар моҳи шарифи Рамазон  ба эҳтиёҷмандон ба таври ройгон хизмат расонад,   ибрози андеша  намудааст. Дар мақола, аз ҷумла, чунин омадааст: «Соҳибкор як ширкати хурд ва чанд нақлиёти боркаш дорад ва ба боркашонӣ машғул аст.  Ӯ шарҳ додааст, ки дар вақти дигар фурсати  андеша надорем, дар ин моҳ, ки фазилатҳои бузург дорад,  аз қаноат ва амалҳои нек  бояд андеша кунем. Мақсад худнамоӣ нест, балки тасаллои дилу рӯҳи инсонӣ аст, ки бо  кори хайр шодоб мешавад. Ман онҳоеро, ки барои бурдани борҳои рӯзгор аз ҷое ба ҷое мушкил доранд, доим мебинам ва ҳолаташонро мефаҳмам. Бинобар ин тасмим гирифтам, ки баъзе аз мошинҳоро барои бепул хизмат кардан ба собиқадорони ҷанг, нафақахӯрон, оилаҳои камбизоат ва шахсоне, ки саломатиашон хуб нест, ҷудо кунам».

С.Юсуф дар матлабаш ҳамчунин нигоштааст, ки «чанд рӯз пеш, шабакаи ТВ «Мир» аз як каҳвахонаи  Федератсияи Россия гузорише нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, ки як марду зани мусалмон барои 40  кампиру мӯйсафед бепул хӯроки шом медиҳанд. Гузоришгар таъкид мекард, ки ин иқдом   танҳо барои мусалмонон набуда, ниёзмандоне, ки ба ин каҳвахона омада, ғизо мехӯранд, аз қавму миллатҳои  гуногун мебошанд ва мазҳабу динашон ба эътибор гирифта намешавад. Аҷиб буд, вақте гузоришгар мехост бо соҳибони каҳвахона ҳамсуҳбат шавад,  онҳо розӣ нашуданд, ки назди камера гап зананд ва гуфтанд, ки кори хайр барои худнамоӣ нест!».

«Мароми пойтахт» — нашрияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  ин ҳафта бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила  гузоришро аз ҳамоише, ки таҳти унвони «Сабабҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва роҳҳои пешгирии он» 15 майи соли равон  дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе   доир гардида буд, ба нашр расонидааст.

Дар  гузориши  мазкур омадааст, ки  Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода дар ҳамоиши мазкур  иброз дошт, ки оила мактаби аввалинест, ки инсон дар он тарбия мегирад, донишу малакаи рӯзгордорӣ аз худ мекунад, ҳамзистӣ бо атрофиёнро меомӯзад, ҳамчунин фарзандон ҳамарӯза аз ин дабистон таълим мегиранд.

«Дар ҷомеаи мо оила ҳамчун асоси ҷомеа маҳсуб ёфта, аз тарафи давлат ҳимоя ва дастгирӣ меёбад. Таҳти ҳимояи давлат қарор доштани оила чунин маъно дорад, ки давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир карда, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои зарурии тиббӣ ва ғайраро ба уҳда мегирад»,- гуфтааст ӯ.

Ҳамчунин дар ин шумораи ҳафтаномаи  «Мароми пойтахт»  мақолаи хабарнигори рӯзнома Н.Темур таҳти сарлавҳаи «Зарфҳои пластикиро истифода мебарем, аммо…»  ба нашр расидааст. Муаллиф бо такя ба гуфтаи коршиносон таъкид менамояд, ки «аз таркиби зарфҳои якбористифодашаванда бисфенол А- моеи заҳрнок хориҷ шуда, ба организми инсон дохил шуда, иммунитети шахсро паст мекунад ва ба бемориҳои роҳҳои нафаскашӣ, меъдаю рӯда, ҷигар, талхадон, ғадуди сипаршакл оварда мерасонад. Бояд кӯшиш кард, ки тамоми ғизоро ҳам барои худ ва ҳам барои дигарон дар зарфҳои шишагин  ё керомикӣ пешниҳод намоем».

                                                                                                      Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»