Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон 20-уми феврали соли равон дар толори Маркази ҷавонони ноҳияи Рушон ба мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба варзиш, тарғибу ташвиқи тенниси рӯи миз ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби ноҳияи Рушон оид ба ин намуди варзиш байни наврасону ҷавонони ноҳия бахшида ба 26 солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ноҳиявӣ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 60 варзишгар аз ҷамоатҳои деҳоти Н. Додхудоев, Рушон ва Пастхуф ширкат варзида, баҳри ба даст овардани ғолибият рақобати баландро нишон доданд. Аловатшоев Аловатшо сазовори ҷойи аввал, Назаралиев Меҳралӣ сазовори ҷойи дуюм ва Алимамадов Самир сазовори ҷойи саввум гардиданд. Ғолибони мусобиқа бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.