WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Ваҳдат неъмати бебаҳо ва муқаддас.

Мо мардуми толеъбаланди тоҷик хуб медонем, ки кишвари мо-Тоҷикистони азиз дар 28 соли соҳибистиқлолӣ барои таърихи миллати хеш сафҳаҳои нав боз кард. Албатта, ин саҳифаҳо барои   ҳар як халқу миллат ибратомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдомҳои нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан шаҳодат медиҳад ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд.

Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумӣ дар бораи барқарор кардани сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон низ мебошад, ки имсол 22-умин солгарди онро дар саросари кишвари азизамон ҷашн гирифта истодаем.

Ин бузургтарин рӯйдоди таърихӣ, дастовард ва ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз барои ҳар фарди тоҷик чун Номаи наҷот  азизу муқаддас аст. Зеро ки тақдири халқу миллат дар солҳои пурошӯби ҷанги шаҳрвандӣ дар лаҳзаҳои басо мураккаб қарор дошт. Хоҷагони аҷанабӣ ба сари миллати тоҷик даҳшати вазнини ҷанги таҳмилиро бор намуданд ва бо нияти нопокашон талош намуданд, ки ин давлати ободро ба порчаҳо тақсим намоянд. Миллат дар оғӯши ҷанги хонамонсӯз    буд ва касе ё чизе роҳи онро гирифта наметавонист. Миллат рӯ ба нестшавӣ оварда, умед ба зиндагӣ дигар намонд.  Маҳви гуруснагӣ ва тарсу ваҳм тамоми миллатро домангир намуд. Беш аз 1 миллион гуреза ва 55 ҳазор кӯдак ятим, дар маҷмӯ ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллар зарар расид. Зиёда аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони тоҷик ба ҳалокат расиданд. Осмони софро гуё яку якбора абрҳои сиёҳ пушонданд.  Гарчанд дар вилоят ин ҷанг нарасида буд ҳам, аммо он тарсу ваҳм, ноумедӣ, гуруснагӣ ва беқониятиву беадолати моро ҳам нагузошт, ки ором бошем. Ҳар яки мо соату дақиқаро интизор будем, ки кай шахсе  пайдо шавад, ки роҳи ҳамаи ин нобасомониҳоро гирад ва миллатро аз вартаи нестшавӣ наҷот бахшад. Он вақтҳо ман 11 сол доштам гарчанд волидонамон аз мо он ваҳму тарсе, ки дар дил доштан пинҳон доштанд мо дидем гуруснагиву нокомиро ва ҳар лаҳза аз Худованд барои баргардондани сулҳу оромӣ дуо мекардем.       

     Дар ҳамин ҳангом Худованди кариму Раҳим гами миллати тоҷикро хӯрд ва шахсеро бо исми муборак Эмомалӣ Раҳмонро, ҳамчун наҷотбахши миллат ба майдони сиёсат ворид намуд, ки ин миллату ин сарзаминро аз парокандагӣ ва аз ғарқаи хун раҳо карда, сулҳи комилро насибамон гардонид.

     Дар рӯзҳои аввалини ба майдони сиёсат ворид шуданаш Сарвари ҷавони он вақта дар муроҷиатномаи худ ба мардуми шарифи Тоҷикистон иброз доштанд “Ман тамоми донишу таҷрибаамро барои дар хона ва ҳар оила баркарор намудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам собитқадамона меҳнат мекунам ва барои ноил шудан ба ин ният лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ма ба ояндаи неки Ватани азиз ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаям бовар дорам ва то  охирин гурезаро ба Ватан набаргардонам ман ором намешавам”. Пешвои миллат ба аҳдашон вафо намуда ҷони ҷавонашонро ба каф гирифта гурезагонро ба Ватан баргардонд. Миллатро аз парокандагӣ наҷот дод.

    Ваҳдати  тоҷикон қутбнамои роҳи ояндаи дурахшон ва шаҳодатномаи таърихии давлату миллат гардид. Сулҳу салоҳ дар қалби мардум шарораи умеду орзуҳоро фурӯзон гардонда, онҳоро ба сӯи ободонӣ ва созандагӣ ҳидоят намуд. 

Вақте ки мо аз ваҳдати миллии бадастомада ҳарф мезанем, бояд аз хотир фаромӯш насозем, ки онро рушду инкишоф додан вазифаи ҷонии ҳар яки мост. Қабл аз ҳама кӯшиш ба он бояд дошт, ки ба ихтилофи миллӣ, ҳизбӣ ва динӣ роҳ надиҳем.

Сокинони ноҳияи Рушон низ ин мақсаду маромро хуб дарк карда, дар таҳкими сулҳу дӯстӣ хизмати босазоеро ба ҷо меоранд. Махсусан, бо пешниҳод ва дастгирии Президенти мамлакат ноҳия руз то руз рушд намуда симои зоҳирияшро дигар карда истодааст.

 Ояндаи давлат, истиқлолият ва соҳибихтиёрии он аз бисёр ҷиҳат ба мо, шаҳрвандони Тоҷикистон, вобаста мебошад. Агар мо, фарзандони гуногунмиллати Тоҷикистон, аз мушкилиҳо наҳаросем, ба доми фиребу найранги сиёсатмадорони тангназар наафтем, кинаю адоватро ба дилҳоямон роҳ надиҳем, тақдири худро аз тақдири Ватани ягонаамон ҷудо накунем, пас пояҳои давлати мутамаддинро таҳким мебахшем ва зиндагии пурфайзу баракатро барои фарзандони худ ва наслҳои оянда таъмин месозем.

    Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз мо тавассути сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат,Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари сулҳобод кору зиндагӣ дорем. Мардуми баору номуси ноҳияи Рушон   ҳамдилию ҳамбастагиро ҳамеша азизу муқаддас шуморида, Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм азиз  дониста, ба ҳама муроду мақсадҳои худ комёб хоҳанд шуд.

    Фаъолону пешқадамони  ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо. корхонаю хоҷагиҳо ва тамоми ҷавонони диёр роҳи пешгирифтаи роҳбарияти кишварро хуб дарк намуда, баҳри рушду нумӯи Ватани азизамон тамоми қувваю ғайрат, донишу маҳораташонро дареғ намедоранд. Боварӣ дорам, ки дар муттаҳидӣ мо аз иҷрои ҳама гуна мақсадҳои наҷиб  бо сарбаландӣ мебароем.

    Шубҳае нест, ки ба бунёди ҷомеаи воқеан озод, Ватани обод ва давлати пешрафта ҳатман мерасем ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро ишғол менамоем. 

   Зиндагии шоди мо аз Ваҳдат аст

    Хонаи ободи мо аз Ваҳдат аст

    Шукр гуям ҳар шабу рузи Ватан

    Ваҳдати мо бар шуури миллат аст.

Раиси КИҲХДТ дар ноҳияи Рушон                                   Саидхонова Х

   

 

  

   

   

  

   

    Шукр гуям ыар шабу рузи Ватан

    Ваыдати мо бар шуури миллат аст.

Раиси КИЫХДТ дар ноыияи Рушон                                   Саидхонова Х