WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БА ОМӮЗИШ НИЁЗ ДОРАНД.

       Имрӯзҳо  дар  фазои  сулҳу  суботи  кишвар  тамоми  хизматчиёни   давлатӣ  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба  омӯзиш   ва  такмили  ихтисос  фаро   гирифта   мешаванд. Ин  падидаи  муҳим   маҳз  бо ташаббусу   дастгирии  бевоситаи   Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ , Пешвои  муаззами  миллат  мӯҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон   ҷараён  мегирад,ки   ба  раванду  рушди  давлату  давлатдории  кишварамон  такони  муҳиме  мебахшад. Зеро   хизмати  давлатӣ   яке  аз  омилҳои  асосии  ҷанбаҳои   ҳаёти  идоракунии   давлат  ба  шумор  меравад  ва  тарбия  намудани   кадрҳои   ҷавону  болаёқат   дар  рӯҳия  ватандустию  худшиносӣ, одоби  муоширату  малакаи  хуби  суханварӣ  ва  такя  намудан  ба   принсипҳои      асосии  химати  давлатӣ   дар  ҷараёни   коргузорӣ,  имрӯзҳо   ҳадафи  асосии   Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   мебошад.

    Хушбахтона   имсол  дар ноҳияи  Дарвози   Вилояти  Мухтори  Куҳистони  Бадахшон   низ  курси  Сайёри  азнавтайёркунӣ  барои  хизматчиёни  давлатии  шаҳру  ноҳияҳои  ВМКБ, ки  солҳои   2017-2018  ба  хизмати  давлатӣ  қабул  гардидаанд,   аз  саҳнаи   16  то  21-уми  сентябри  соли  2019 баргузор  гардид.

   Намояндагони  мақомотҳои  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  шаҳру  ноҳияҳои  ВМКБ  кормандони  бахшҳо  ва  шуъбаҳои  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии    вилоятӣ  ва  ноҳияҳо    низ  дар  он  иштирок  намуданд . Боиси  ифтихор  аст ,  ки  намояндагони   МИҲД-и  ноҳияи  Рушон    мудири  бахши  дин, танзими  анъана  ва  ҷашну  маросими  ноҳия  Бориев  Мероҷ  ва   мутахассиси  шуъбаи  рушди  иҷтимоӣ  ва  робита  бо  ҷомеаи  дастгоҳи  Раиси  ноҳияи  Рушон  Мирзошоев  Анзор   дар  ин  курс  фаъолона  иштирок  дошта, аз  таасуроти  хеш  чунин  тарз  ибрози  ақида  намуданд:

            Ногуфта  намонад, ки  аз  тарафи  роҳбарияти  МИҲД-и ноҳияи  Дарвоз  ва аҳди заҳмати  ин  диёри  зебоманзар  меҳмондӯстии  самими  ҳангоми  қабули  иштирокчиёни   курс   ҳис  карда   мешуд .

              Бояд  қайд  намуд, ки  курси  мазкурро  омӯзгорони  соҳибтаҷрибаи  донишкадаи  идоракунии  давлатии  назди  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  рӯи  барномаи  «Асосҳои  ҳуқуқии  хизмати  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ба  тариқи   лексияҳо  ва  мубоҳисаҳои  гарм доир  намуданд. Ин  имконият  медод,ки бештар   ва  чуқуртар  соҳаи  хизмати  давлатиро  омӯхта,    диққати  ҳар  як  иштирокчиро  на   танҳо  ба  худ  ҷалб  намояд, балки  дар  ҳалли  масъалаҳои  мубрами  рӯз  низ  пайваста   фикру  андешаҳо  зарур  дониста  мешуд.   Пешниҳоду дархости ҳар як шунаванда аз тарафи устодон ба инобат  гирифта  мешуд.    Курси  мазкур  омӯзиши  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи  хизмати  давлатӣ», «Одоби  касбии  хизматчии  давлатӣ», «Стратегияи  миллии  рушди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон», «Марҳилаҳои  асосии  татбиқи  Ҳукумати  электронӣ» , «Нақши   хизматчии  давлатӣ  дар пешгирии  гаравиши   ҷавонон  ба  ҳизбу  ҳаракатҳои  экстремистӣ» ва  дигар  паҳлӯҳои   Паёми  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   ба Маҷлиси  олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  26.12.2018    дар  бар  мегирифт.

     Дар  фарҷоми   барномаи   омӯзишӣ   аз  тарафи  МИҲД-и  ноҳияи  Дарвоз  барои  омӯзгорон  ва  иштирокчиёни  курси  сайёр   чорабиниҳои  фарҳангию  фароцатӣ  ташкил  карда  шуданд. Дида  намудан  аз  бинои  «Маркази  бонувон»   ва  сайру  гашт  дар  боци  « Чорчаман»-и  ноҳияи Дарвоз, ки дастовардҳои  бузурги  замони   соҳибистиқлолии  кишваранд,  табъи  меҳмононро  болида  гардонид. Курси  сайёри     азнавтайёркунӣ      барои  хизматчиёни давлатӣ  дар  ноҳияи  Дарвоз лаҳзаҳои  хотирмоне  буданд, ки   дар  ёди   ҳама  боқӣ  хоҳанд  монд..  

Мудири  бахши  дин,танзими  анъана   ва  ҷашну  маросими  МИҲД- ноҳияи  Рушон                Бориев  М.