WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Мулоқоти генерал Мирзоев Нусратулло- муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони Рӯшон

Рӯзи 3 июли соли равон муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Нусратулло Неъматович меҳмони ноҳияи Рӯшон шуд. Баъди нисфирӯзӣ меҳмони олиқадр  дар маҷлисгоҳи хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо роҳбарият, сардорони идораву муассисаҳо, халифаҳои деҳоти ва фаъолони ноҳия вохӯрд. Мавсуф аз бозёфтҳои давлати соҳибистиқлоламон ёдовар гашта, иброз намуд, ки ҳамаи дастовардҳои мардуми тоҷик ба истиқлолияти давлати мо вобастагӣ дорад ва онро бояд пос дошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули солҳои зиёде талош варзид, ки барои мардуми азияткашидаи тоҷик сулҳу оромӣ оварад. Хушбархтона ба мақсади хеш бо заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат расидем ва имрӯз дар сартосари кишвар сулҳу амонӣ ҳукмфармост. Давлати тозабунёди мо дар қатори даҳ давлати амни ҷаҳон, ки аз ҷангу хунрезӣ дар каноранд, ҷой гирифтааст.Аммо набояд  фаромӯш сохт, ки дар давлати ҳамсояи мо Афғонистон дастаҳои силоҳбадасти давлати исломӣ, террористон бисёре аз манотиқи онро зери даст доранд. Ин ба амнияти мо низ таҳдид дорад. Пас зиракии хешро набояд аз даст диҳем. Бархе аз душманони беруна талош доранд, ки сулҳу суботи кишвари тоҷикон халалдор гардад. Вазифаи муҳиму якуминдараҷаи ҳар як шаҳрванд, ки ободиву амонии меҳани худро   мехоҳад, бояд дар ҳамбастагӣ бо кувваҳои қудратии ватан якпорчагии марзу буми ватанро ҳифз намояд. Дар давлатҳои пешрафтаи дунё  98 фисади ҷиноятҳо маҳз тавассути ахбори мардуми оддӣ пешгирӣ мешаванд. Моро ҳам лозим аст, ки ин таҷрибаи онҳоро дар давлати худ ҷорӣ кунем, зеро бе алоқаи мустаҳками мардуми оддӣ як худи кувваҳои қудратӣ оҷизанд. Маҳз аҳолии таҳҷоии шаҳру деҳоти кишвар метавонанд, одамони бегонаро дар маҳалли зисташон фарқ карда тавонанд.

      Дигар аз масъалаҳо, ки генерал Мирзоев Нусратулло мавриди баҳс қарор дод ин равиши ҷавонон ба иттиҳодияҳои диниву ифротгароӣ буд. / қайд намуд, ки ҳамаи иттиҳодияҳо ифротгароӣ оқибати хуберо пеш   намеоранд. Пуши ҳар ифротӣ маргу ҳалокати мардуми бегуноҳ аст. Ба  н хотир аз халифаҳои деҳот дархост кард, ки дар тарбияи насли ҷавон саҳми худро гузоранд.

Генерал Мирзоев Н.Н. дар фарҷоми суханаш аҳли нишастро ба он даъват кард, ки дар оромиву амнияти кишвар дастгири кувваҳои кудратӣ бошанд.

       Дар вохӯри раиси собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Меҳриддин Замонов, ёрдамчии прокурораи ноҳия М.Муллозода баромад карданд.