WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

ОДАМИЗОД БИҲИШТОФАР АСТ!

Имрӯзҳо бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати Пешвои  миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони маҳбубамон зери таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад.

Ҳамасола бо даъвати Раёсати муносибатҳои байналмилалии Ҳизби Коммунистии Хитой кормандони масъули ҲХДТ ҳамчун шарикони рушд ба ин кишвар даъват карда мешаванд.
  Имсол низ бо даъвати Ҳизби Коммунис-тии Хитой аъзои ҲХДТ дар ҳайати
16 нафар аз тамоми манотиқи кишвар бо роҳбари муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён аз 20 феврал то 1 марти соли 2019 ба Чин сафари корӣ доштанд. Дар сафари зикршуда аз ВМКБ ман, ҳамчун раиси КИҲХДТ дар ноҳия иштирок намудам. Ин сафар бароям хеле хотирмон ва ибратомез буд. Аснои боздид аз шаҳрҳои Гуанжоу, Чжухай ва Урумчин ҳайати ҲХДТ бо роҳбарии минтақавии ҳизби Коммунисти Хитой мулоқот анҷом дода, аз
корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилотҳои ҳизбӣ дидан намуданд.
Дар ҳамоиши сатҳи баланд, ки намояндагони 27 давлати дунё дар он иштирок намуданд, мавзуи «Сиёсати мазҳабию нажодии Хитой», «Тақвияти
ваҳдат ва ҳамрайъии гуруҳҳои этникӣ», «Таҷрибаи музофоти мухтори Шинҷой-Уйгур» баррасӣ шуд. Муовини Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён низ дар чорабинии бузург аз номи
Тоҷикистон сухан кард. Тӯли 9 рӯзи сафар, ки дар шаҳрҳои Гуанжоу, Чжухай ва Урумчин анҷом додем, мо аз кӯчаву пасткӯча, хонаву хиёбонҳо, марказҳои савдо, идораву
корхона ва ҷойҳои таърихию тамошобоб гузар намудем, ки боре ҳам барги рехтаи дарахт, пораи коғаз, пучоқи офтобпараст, селлофан, пастмондаи ягон ғизо, дар маҷмӯъ ифлосӣ ё ахлотро надидем. Баръакс ҳама ҷо бо гулу буттаҳо, банерҳои зебо ва маводи
ороишӣ зебу зинат дода шудаст. Шаҳр бисёр ором аст, не гапи баланд мешунавию, не садои мошин. Мегӯянд, китозагии хона ё шаҳрро аз дарвозааш метавон муайян кард. Ҳар як дарвозаи шаҳр ин фурудгоҳ аст. Дар шаҳри Гуанжоу, ки зиёда аз 14 миллион аҳолӣ
дорад,боре мо садои баланду дағалро нашунидем. Ягон нафар майзада, бекору оворагард ба чашм нарасид. Хама банди кор- аз пир то барно. Бо ҳайрат аз Маша ном духтараки чинӣ ки моро ҳамроҳӣ мекард, пурсидам, ки «мардуми шаҳр куҷо бошанд, ки дар роҳ ягон
кас наменамояд?» Он кас посух доданд, ки ҳама банди коранд. Ва гуфтанд, ки нафақахӯрон ва шахсони пиронсолдар марказҳои махсус ҷамъ шуда, бо ҳам хушҳолию хурсандӣ мекунанд.
Мардуми Чин бисёр зебопараст, гулпараст, тозакор ва меҳнатдӯст ҳастанд. Як
ваҷаб замини холиро надидем, ҳама ҷо гул, то ҳато дар девор низ гулдонҳо монда, гул шинондаанд, ки ба шаҳр ҳусни зебоӣ мебахшад. Иқтисодиёташон, асосан, аз корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ ва туризм мебошад. 25 феврал аз шаҳри Гуанжоу ба
шаҳри Урумчин сафар намудем ва соати 8-и бегоҳ моро аз аэрапорт ба тарабхона, ки дар дохили бозори марказии Урумчин қарор дошт, ба нишасти фарҳангӣ даъват намуданд. Пеш аз оғози чорабинӣ аз тарафи мизбонон ба ҳар як иштирокчӣ даф, таблак ва якчанд асбоби мусиқӣ доданд. Барои мизе, ки гуруҳи мо нишаста буд, низ асбоб оварданд. Баъди чанд лаҳза гуруҳи мо ба рақсу бозӣ машғул шуданд. Якбора дидем, ки тамоми мардум ба базми мо
ҳамроҳ шуданд. Назарам ба як бачаяки афғон, ки намояндаи давлати Афғонистон буд,
афтод, ки ашк дар чашмон ва бо овози баланди шодиомез мегуфт: « Зинда
бод, Тоҷикистон! Зинда бод, Президенти Тоҷикистон! Мо мардуми афғон ҳамеша дар орзуи онем, ки кай роҳбари давлатамон ба мисли Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат биёяду давлати моро соҳибӣ кунад. Аҳсан, ба шумо мардуми тоҷик, ки миёни ин 27 давлат бо маданияту фарҳанги воло ҳамаро дар ҳайрат мондед.» Мистир Ли, ки делегатсияи моро
ҳамроҳӣ мекард, гуфт, ки «мавриди базми шумо роҳбарони дигар делегатсияҳо
аз ман пурсиданд, инҳо киҳоянд аз кадом давлат ҳастанд ва ман бо ифтихор гуфтам, ки ин камандаи манн аст. «Ман, гуфт- Ҷаноби Ли бо шумо фахр мекардам. Вақте ки чорабинӣ ба
анҷом расид, моро дар як меҳмонхонаи боҳашамат ҷобаҷо намуданд ва намояндагони мамлакатҳои гуногун омада, ба либосҳои миллӣ таваҷҷуҳ мекарданд, бо мо акс мегирифтанд. Тоқӣ ва муҳраҳое, ки ман доштам, барои ҳама ҳайратовар буд. Мо мефаҳмондем, ки тоқӣ, муҳра, чорбанд, ва либоси чакан ифтихори миллати тоҷик буда, чакан имрӯз аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати мероси ғайримодии фарҳанги тоҷикон дар ЮНЕСКО пазируфта шуд.
    Ҷавоне аз Неопал наздам омада пурсид, ки шумо чӣ гуна миллатед? Ман бо ифтихор ҷавоб додам, ки тоҷикам ва Тоҷикистон Ватани маҳбубам аст. Он ҷавон дар бораи Тоҷикистон тасаввурот надошт ва ҷавони дигаре, ки ҳамроҳи ӯ буд, дар бораи Тоҷикистон барояш маълумот дод. Мо, намояндагони Тоҷикистон ҳамаи иштирокдорони конфронсро даъват намудем, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли 2019- 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст ва
Тоҷикистон дарҳоро барои ҳама боз намудааст. Ҳар кас ҳам метавонад бо табиати зебою дилрабо, куҳҳои осмонбӯс ва фарҳангу маданияти волои мардум аз наздик шинос шаванд.
Тоҷикистони азизамон бо табиати нотакрору дилрабои худ биҳишти рӯйи замин аст ва аз Чин заррае монандӣ надорад. Мо дар фазои сулҳу иттиҳод бо меҳнати фидокорона метавонем, кишвари азизамонро намунаи мамолики  дунё гардонем.
Холиса САИДХОНОВА, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи
Рӯшон