WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 #1380 “Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” рузи 27 марти соли 2020 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ҷаласа баргузор гардид, ки дар он ба тарафдории номзадҳои арзанда ба вакилии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВМКБ овоз дода шуд.      Тибқи талаботи моддаҳои 32 ва 57-и Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шуғнон Файзов Ёдгор Доёрович-раиси ВМКБ, Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон-раиси ноҳияи Дарвоз аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ, Додхудо Фаррух Муборакшо-раиси ноҳияи Рушон аз тарафи вакилони Маҷлмси вакилони халқи ноҳияи Рушон, Мирзозода Мусо Одинамаҳмад-раиси ноҳияи Ишкошим аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим ва Қонунзода Шодигул Худобахш аз тарафи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хоруғ дар иҷлосияи якуми (даъвати шашум) пешбарӣ карда шудаанд. Интихобот ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ тариқи овоздиҳии пушида сурат гирифта вакилони Маҷлиси вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ба тарафдории номзадҳои арзанда овоз доданд. Пас аз анҷоми райдиҳи маълум гардид, ки Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов бо касби 100 фоиз овозҳо ва номзадҳои дигар бо соҳиб шудан ба беш аз 90 фоизи овозҳо вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.       Аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ раиси ВМКБ Ёдгор Файзов ба интихобкунандагон изҳори сипос намуда, қайд кард, ки сазовор шудан ба боварии мардум боиси ифтихори бузург буда меҳнат ва масъулияти дучандро талаб менамояд. Таъкид рафт, ки бояд баҳри рушди минбаъдаи ин давлати ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳаёти арзанда барои ҳар сокин тавассути қабули қонунҳои мутобиқ ба талаботи шароити вилоят заминагузорӣ намоем.      Дар охир муҳтарам раиси ВМКБ номзадҳоро барои интихоб шуданашон табрику таҳният намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон пешравию сарбаландӣ ва комгорию бурдбориҳои беназирро таманно намуданд.      Мо вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рушон, умуман сокинони ноҳияи Рушон низ ба табрикоти раиси ВМКБ шарик шуда, раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Додхудо Фаррух Муборакшоро бо сазовор гардидан ба боварии халқ  ва ишголи ин курсии олӣ табрику таҳният намуда, барояшон муваффақият, комёбӣ ва бурдбориро орзу менамоем.

Саидхонова Х. М вакили маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз ҳавзаи интихоботии #17 Рушон.