Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон, аз саннаи 08 то 12 ноябри соли равон дар толори варзишии деҳаи Барушони ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев мусобиқаи кушоди ноҳиявӣ аз намуди волейбол байни ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 8 даста ширкат варзида, баҳри ғолиб баромадан кушишу талоши беандоза намуданд. Иштироки дастаҳо дар мусобиқа ба тариқи зайл суръат гирифт:
- Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев: – 2 даста (Деҳ, Шидз)
- Ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев: – 4 даста (Вамд, Барушон, Дерушон, Дерзуд)
- Ҷамоати деҳоти Рушон: – 2 даста (Вамар, Шуҷанд)
Баъди қувваозмоӣ дар гурӯҳҳо дастаҳои Дерушон ва Барушон аз гурӯҳи А ва дастаҳои Вамар ва Шидз аз гурӯҳи Б ба даври нимниҳоӣ роҳхат гирифта, дастаҳои Барушон ва Дерушон ба даври ниҳои роҳхат ёфтанд. Дар даври ниҳоӣ рақобат миёни ин дастаҳо шадиду тамошобоб ҷараён гирифта, дастаи Барушон бо ҳисоби 3 – 2 бар дастаи Дерушон дастболо гардид. Ҳамин тавр дастаи Барушон сазовори ҷои аввал ва дастаи Дерушон сазовори ҷои дуввум дар мусобиқаи кушоди нҳиявӣ аз намуди волейбол гардида, аз тарафи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон бо мукофоти пулӣ қадр гардиданд.
Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон!