WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор Ҷавонон

БЕҲТАРИН УСУЛИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 ИН ПУРЗӮР НАМУДАНИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БАЙНИ АҲОЛӢ МЕБОШАД.

Чанд муддат аст, ки саросари ҷаҳонро таҳдиди нав, яъне бемории сироятии covid-19 Короновирус фаро гирифтааст, ки тамоми кишварҳои ҷаҳон ва аҳолии саёраро ба хатари ҷиддӣ ру ба ру гардондааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашави бо ин вирус эмин набуда, соҳаи тандурустии ҳамаи кишварҳо бо он дастбагиребонанд. Аммо дида истодаем, ки дар натиҷаи муборизаи салоҳиятнокии илман асоснок афзоиши ин бемори дар бархе кишварҳо тамоюли пастшавиро касб карда, дар баъзе кишварҳо пурра барканор карда шудааст.     Мутасифона имрӯз ин беморӣ дар кишварамон низ ба қайд гирифта шудааст.    Аммо барои пешгирии ин вирус Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои дахлдор корҳои саривақти ва чораҳои пешгириро пурзур карда истодаанд. Имрӯз барои ҳар яки мо муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Фақат тавсияҳо ва талаботҳои мутахассисони соҳаи тиббро ба ҷо оварда худ ва атрофиёнамонро аз ин беморӣ эмин нигоҳ дорем.       Дар ноҳияи Рушон низ имрӯз вобаста ба хуруҷи бемории Короновирус чораҳои мушахас андешида шуда истодааст.      КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон дар ҳамкорӣ бо МИҲД- и ноҳия, соҳаи тандурустӣ ва ТҶ “Ҳилоли Аҳмар”  як қатор чорабиниҳои профилактикӣ ва пешгирикунанда  роҳандозӣ карда мешаванд. Аз тарафи КИ ҲХДТ бо мақсади дастгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ барои оилаҳои ниёзманд, шахсони яккаву танҳо, шахсони имконияташон маҳдуд ва сарбозони Комендатураи ноҳия  ниқобҳо дастрас карда шуда, бо аҳолии ноҳия бо усули  хона ба хона вохуриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, зиёда аз 4000 варақаҳои таблиғотӣ ба аҳолӣ тақсим карда шуд.     Дар ноҳия имрӯз бо мақсади пешгирии ин вабоъ раисони маҳаллаҳо, фаъолон, халифаҳо ва  ризокорон бо кормандони милитсия, соҳаи тиб ва МИҲД-и ноҳия кумак расонида бо аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунандаро пеш бурда истодаанд.     Инчунин, аз тарафи бахши кор бо занон ба дузандаҳо супориш дода шуд , ки ниқобҳоро ҳарчи зиёдтар тайёр намуда, аҳоли бояд аз онҳо бархурдор гардад.      Дар ноҳия вобаста ба ин беморӣ Ситоди доимоамаликунанда фаъолият намуда, аз тарафи аъзоёни ситод ҳар руз ба раиси Ситод ҳисобот пешкаш карда мешавад.