
15 майи соли равон мувофиқи нақшаи мақомоти иҷроияи
маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо ташаббуси бахшҳои кор
бо занон ва оила, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар
якҷоягӣ бо масъулони
ЧамоатиПастхуф дар деҳаи Пастхуф Рӯзи
оила бо тантана таҷлил гардид.
Дар он роҳбарони идораву муассисаҳо, раисон ва масъулини
Чамоатҳо ва фаъолони деҳаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Хонандагони МТМУ №12,
ихтиёрони деҳа ва занони ҳунарманди
Ҷамоати номбурда меҳмононро бо гулу гулдаста,
шеъру тарона ва дафнавозии урфӣ пешвоз гирифтанд Сипас,
меҳмонон аз дастовардҳои
Ҷамоат, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Гиромидошти ин санаи муҳим дар яке аз боѓҳои хушбоду ҳавои деҳаи
Пастхуф ҷараён гирифт. Ҳозиринро муовини раиси ноҳия
Зарина Абдулмаинова аз номи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатӣ табрику таҳният намуд. Мавсуф роҷеъ ба пойдории
оила, меҳру муҳаббат, муносибат ва саҳми беназири оила дар таълиму тарбияи насли наврас ва ба воя расондани
фарзандони накӯкору
ростқавл, баору номус, меҳнатдӯст ва ватанпарар сухан ронда, қайд
намуд, ки ҳукумати мамлакат ва
бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,
Перзиденти кишвар ҳамеша барои пойдории оила,
пос доштани арзишҳои оилавӣ
диққати ҳамаҷонибаро равона сохтааст Бахшида ба ин рӯз аз тарафи бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 6 кӯдак бо шаҳодатномаи таваллуд ва 1
оила ҷавон бо шаҳодномаи ақди никоҳ ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ гардиданд. Оилаҳои намунавӣ аз Ҷамоатҳо (ба истисно Ҷамоати Басид ваСавноб) ба ин чорабнӣ даъват шуданд. Оилаҳои намунавӣ аз Ҷамоати М.Абдулвосиев Хушназаров Шермамад бо ҳамсраш Нурмамадова Моҳру, аз Ҷамоати Н.Додхудоев Чоршанбиев Давлатхон бо завҷааш Мубалиева Сайрам, аз Ҷамоати Рӯшон Ҳакимбеков Ҳакимбек ва оилааш Мералиева Аввалмо, аз Ҷамоати Бартанг Раҳмонбеков Сафарбек ва
занаш Фидоева Баҳор, аз Ҷамоати Пастхуф Сафармамадов Амриддин завҷааш Чумъабоева Нуқра дар ин чорабинӣ ширкат варзиданд. Оилаҳои номбурда дар рафти чорабинӣ аз бурду бохти оилавиашон сухан карда, калиди муваффақият, таълиму тарбия ва одобу ахлоқро дар ҳамдигарфаҳмӣ байни зану шавҳар, меҳру муҳаббат ва баробарҳуқуқӣ арзёбӣ намуданд.
Шеъру андарз, ки аз ашъори бузургон дар васфи оила қироат гардиданд,
намоиши либосҳ ои миллию замонавӣ ва барномаи фарҳангиии ҳаваскорони Ҷамоати Пастхуф ва
кормандони бахши фарҳанг ба чорабинӣ ҳусни дигарро зам намуд.
С
.Дӯстова