13 феврал дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии№8-и ба номи Назаршо Бозидови деҳаи Дерзуд маҳфили гиромидошти 90-солагии олими забоншинос, номзади улуми филология шодравон Назаршо Бозидов баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва маъмурияти мактаби номбурда, ки номи ин донишманди зиндаёдро гирифтааст, ба роҳ монда шуда, бо ҳузури роҳбарияти ноҳия идораву мауассисаҳо, собиқадорони маориф, сокинони деҳа ва омӯзгорону шогирдони мактаб ба таври хотирмон сурат гирифт.
Сараввал, даъватшудагон аз намоиши намунаи китотҳо, Хунарҳои дастӣ ва мукофотҳои шогирдони мумтози ин таълимгоҳ дидан карданд. Кисмати асосии маҳфили гиромидошт дар толори муассиса доир шуд. Муовини аввали раиси ноҳия Дӯстализода Гулмаст дар маърӯзааш роҷеъ ба ҳаёту фаъолияти ибратомӯзи устод Назаршо Бозидов сухан ронда, саҳми арзандаи ӯро дар рушди соҳаи забоншиносии тоҷик таъкид намуд.
Раиси Шурои собиқадорони ноҳия Меҳриддин Замонов, собиқадори маориф ва матбуот Занҷирбек Ёғбеков ва сарвари МТМУ №8 Коғазбегим Паймораева лаҳзаҳои ҷолибро, ки марбут ба шахсияти соҳибҷашн буд, ёдоварӣ карданд. Собиқадори меҳнат Муродмамад Бозидов –бародари Назаршо Бозидов аз номи хонаводааш ба дастандаркорони ин чорабинӣ изҳори сипос намуд.
Шогирдони мактаб барномаи рангини фарҳангиро дар таҳияи устодони санъат Ғоибназар Давлатшоев ва Давлатёр Қурбомамадов пешкаши ҳозирон гардонданд.
«Пайғоми Рӯшон»