WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Ҳисоботи иттифоқи касаба

Дар толори маҷлисии хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия конфронси иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии ноҳияи Рӯшон доир гашт. Дар кори конфронс раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев, сарвари иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ВМКБ  Азизбеков Амирбек, Курбонбеков  сарвари иттифоқи касабаи бонкии ВМКБ ширкат намуданд.

Конфронс масъалаҳои Ҳисоботи раиси иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии ноҳия, ҳисоботи комиссияи тафтишотии ташкилот ва интихоби ҳайати намви комитети иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии ноҳияро мавриди муҳокима қарор дод.

Раиси иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатии ноҳия Холиқназар Мавлоназаров ҳисобот дод. Мавсуф зикр намуд, ки дар ноҳия кори иттифоқи касабаи кормандони комплекси агросаноатӣ ба таври лозимӣ пеш бурда намешавад. Сабаб он аст, ки аксари раисони хоҷагии деҳқонии ноҳия, ба ҷуз се чор хоҷагӣ, дигар ҳаққи аъзогии иттифоқи касабаро пардохт намекунанд. Ба ҳамин сабаб кори иттифоқи касаба пеш намеравад. Мо наметавонем, ки ба кормандони хоҷагиҳо ёрдампулиҳо  сари вақт пардохт намоем.

Раиси комиссия тафтишотӣ дар ҳисоботаш қайд кард, ки дар ҳисоби иттифоқҳои касаба маблағе ҷамъ мояд, ки фақат барои нигоҳ доштани кормандони иттифоқи касба басанда аст.

Дар конфронс раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев баромад карда, зикр намуд, ки  Рӯшон барои сабзавоткорӣ, чорводорӣ шароити хубе дорад ва нисбати дигар навоҳии вилоят имконияти бештаре дорад. Аз ин хотир  мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ин самтҳои корро ривоҷ диҳем. Дар деҳоте, ки заминаш каму чорогоҳаш бисёр бошад, моро лозим аст, ки чорводориро равнақ бахшем ва баръакс дар деҳоти заминҳои корами зиёд дошта сабзавоту картошкаро бештар истеҳсол намоем. Яъне, кори хоҷагиҳоро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки он ба фоидаи мардуми меҳнатӣ бошад. Шароитҳои лозимиро ташкил доданамон шарт аст, ки дар бозори вилоятиву ҷумҳуриявӣ маҳсулоти моро худи русотиён ба фурӯш бароваранд. Ба ин хотир ассотсиатсияи наве ташкил бояд дод, ки тамоми хоҷагиҳои деҳқонии  ноҳия ва бозори онҳоро муттаҳид намояд.

Конфронс аз рӯйи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Конфронс Холиқназар Мавлоназаровро боз раиси иттифоқҳои касаби комплекси агросаноатии ноҳия интихоб кард.

Дар фарҷоми конфронс раиси иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии ВМКБ  ба фаъолони иттифоқи касаби ноҳия ифтихоромаҳоро тақдим кард.

Дидор бо мардуми Ҷамоати Абдулвасиев

Муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонатботов, раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев ва раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Муминшо Абдулвасиев Нозигул Абдулвоҳидова дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами Тоҷикистон бо мардуми Ҷамоати деҳоти ба номи М.Абдулвасиеви ноҳияи Рӯшон вохӯрданд. Дар маркази Шидз меҳмонони олиқадрро хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 бо гулу гудаста ва нону намак истиқбол карданд.

 Меҳмонон баъд аз истиқболи самимӣ хати обгузари Шидз-Сангобод, ки бо маблағгузории Сафорати Ҷопон  ба маблағи 840 ҳазор сомонӣ  бо тулияти 8 километр, хати обгузари деҳаи Деҳ бо маҷлағгузории БҶИМК Хазинаи Оғохон ба маблағи 268 ҳазор сомонӣ дар масофаи 2 километр ва варзишгоҳи деҳаи Шипадро мавриди истифода қарор доданд

Баъд аз ба истифода додани варзишгоҳ муовини аввали раиси ВМКБ Алишер Мирзонаботов ва раиси ноҳияи Рӯшон Фаррух Додхудоев бо мардуми Ҷамоат вохӯрда, дар ҳузурашон баромад карданд ва ҳамзамон ба суолҳои мардум ҷавоб гуфта, дархостҳои онҳоро қабуд намуданд.

Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон