WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Варзиш Ҷавонон

Финалистони мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рушон муайян гардиданд…

Бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон, бо мақсади тарғиби васеи варзиш дар деҳаҳои ноҳия, ҷалби ҷавонону наврасони деҳот ба футбол, мустаҳкам намудани алоқаи дустӣ миёни ҷавонону наврасони деҳот, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рушон мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол ташкил ва баргузор гардид.

                Мусобиқаи мазкур дар ду марҳила гузаронда шуда, марҳилаи якум аз санаи 28 июни соли равон оғоз гардида, ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳия гузаронида шуда, 10 сентябри соли равон ҷамъмбаст гардид.

                Дар марҳилаи якуми мусобиқаи мазкур 21 даста аз деҳаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ширкат варзида, ҳар рузи шанбе ва якшанбе байни ҳам рақобат намуда, 8 дастаи ғолиб аз ҷамоатҳои деҳоти ноҳия ба марҳилаи дуюм роҳхат гирифтанд.

                Марҳилаи дуюми мусобиқа аз саннаи 22 сентябри соли равон байни дастаҳои ғолибони деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳия оғоз ёфта то саннаи 26 ноябри соли 2019 давом медиҳад. Ба даври ниҳоии мусобиқа танҳи ду даста (Барушон ва Дерзуд) баъди рақобатҳои тулонӣ байни ҳам, роҳхат гирифтанд.

                Дар мусобиқа ҷавонону калонсолони аз 14 то 30 солаи деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Рушон ширкат варзида аз худ маҳорати баланди варзиширо нишон доданд.

 Дастаҳои Барушон ва Дерзуд барои муайян намудани ғолиби мусобиқа санаи 26 ноябри соли равон дар варзишгоҳи деҳаи Дерзуди ҷамоати деҳоти Н. Додхудоев байни ҳам рақобат менамоянд.

                Дастаҳое, ки дар мусобиқа ҷойҳои 1, 2, ва 3-ро ишғол менамоянд, бо Ҷом, диплом, медалҳо, туҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

   Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон