Шоми рӯзи 19 июл дар деҳаи Шуҷанд ба хотири гиромидошти 90-солагии солрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Абуабдуллои Рӯдакӣ, устоди зиндаёд Гурминҷ Завқибеков маҳфили бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Майдончаи маҳаллаи Баршурви деҳа, ки аёми кӯдакию наврасии ду чеҳари шинохтаи фарҳангии кишвар– Гурминҷ Завқибеков ва Мусаввал Минаков дар кӯчаву боғу пуштаҳои он гузаштаанд, бо саъю ташаббус ва ихлосу муҳаббати сокинони Шуҷанд ин шоми ситорарез ҷалолу шаҳомати хоса дошт.
Созу наво, рақсу суханрониҳои сокинони деҳа, ки тӯли ду соат идома дошт, далели эҳтирому эътироф ва муҳаббату ихлоси онҳо буд нисбати ҳамдиёри номдорашон ва акси бузурги устоди зиндаёд, ки дар ҷойи намоёни майдон бо завқу салиқаи зебо насб шуда буд, бо лабханди хосааш гӯё дар ҷавоб ба онҳо изҳори сипос менамуд.
Аз тариқи навор лаҳзаҳои хотирмони ҳаёту фаъолияти устод манзури бинандагон гардид.
Устод Гурмиҷ Завқибеков дар кино ва театри тоҷику шӯравӣ зиёда аз 100 нақши хурду бузургро офаридааст. Яке аз комёбиҳои намоёни ӯ ин таъсис додани осорхонаи мусиқӣ мебошад, ки дар он даҳҳо навъи асбоби мусиқии миллию ҷаҳон маҳфуз буда, ҳамасола садҳо нафар сайёҳони хориҷи аз он дидан мекунанд. Баҳори соли равон Осорхонаи Гурминҷ дар сатҳи байналмилалӣ барандаи ҷоизаи фарҳангии Оғохон гардида, бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон мудири бахши фарҳанги ноҳия Саодат Бозидова сухан намуда, хизматҳои шоёну шоистаи шодравонро дар рушду инкишофи кино, театр ва мусиқии суннатӣ зикр кард. Мавсуф афзуд, ки дар деҳаи Шуҷанд ҳар як ҳунари нафиса мактаби устоду шогирди худро дошта, аз пушт ба пушт такмилу таҳвил шудааства умеду итминон аст, ки аз ин деҳаи фарҳангхез боз чандин Гурминҷҳо ва Мусаввалҳо зу хоҳанд кард.
«Пайғоми Рӯшон»