WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Вохурии раиси ноҳия, Имомназар Хоҷаназар Лутфулло бо донишҷуён

23-уми августи соли 2018 раиси ноҳияи Рӯшон Имомназар Хоҷаназар Лутфулло дар тарабхонаи бошукӯҳи «Наим» воқеъ дар деҳаи Дерзуди ноҳияи мазкур бо донишҷӯёни макотиби олии кишвар вохурӣ баргузор намуд.
Дар як гӯшаи тарабхона намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, ҷӯробҳои помирӣ, муҳраҳои гуногун, расмҳои толибилмони мактаби санъат ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки ҳама маҳсули дасти донишҷӯёну наврасони ноҳия мебошанд.
Баъди тамошои намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ вохуриро раиси ноҳия оғоз бахшида, доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҷомеа Истиқлолияту дастовардҳои он, сиёсати ҷаҳони имрӯз, таҳкими Ваҳдат ва сулҳу субот суханронӣ карда, донишҷӯёнро ыушдор дод, ки дар ҳар гуна вазъу ҳолат ҳушёриро аз даст надиҳанд ва қадру манзалати халқу меҳанро аз ҳама боло донанд.
Раиси ноҳия бештар оиди Истиқлолияти давлатӣ, аҳамияти таърихии он, дастовардҳои муҳимтарини кишвару ноҳия ва он корҳое, ки дар пешорӯи 27-солагии Истиқлолият анҷом ёфта истодаанд, оид ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар тӯли 27 сол, ҳамчунин оиди пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, хатари терроризм, тинҷию амонӣ ва риояи қонунгузорӣ мукаммал ҳарф заданд.

Дар вохурӣ ҳамчунин директори Маркази саломатии ноҳия Абдумамадова Садоқат, Комиссари ҳарбӣ Бахтиёров Ҳувайдо ва раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Замонов Меҳриддин суханронӣ карданд. Ҳамаи онҳо донишҷӯёнро ба он ҳидоят намуданд, то ки хуб таҳсил карда, баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳ баргашта, фаъолияти кории худро ба роҳ монанд ва донишу малакаи омӯхтаашонро баҳри ободии кишвар сарф намоянд.
Бояд қайд кард, ки ин вохурии аввалини раисони ноҳия бо донишҷӯён набуда, ин иқдом пеш ҳам вуҷуд дошт. Вале қаблан ин вохуриҳо на дар ноҳия, балки дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ва маркази вилоят шаҳри Хоруғ баргузор мешуданд.
Дар охир раиси ноҳия пешниҳод намуд, то ки чунин вохуриҳоро ба анъана дароварда, минбаъд ҳар сол моҳи август дар дигар ҷамоатҳои деҳот баргузор намоем, ки аҳли нишаст бо хурсандӣ ва кафкубиҳо истиқбол намуданд.
Вохӯрӣ бо баргузории барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.