WWW.RUSHON.TJ

Исполнительный орган государственной власти Рушанского района

22

Ноя 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Читать далее

16

Авг 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Читать далее

16

Авг 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Читать далее

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

МО АЪЗО ВА ҶОНИБДОРОНИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ РУШОН АМАЛИ НОҶАВОНМАРДОНАИ ГУРӮҲИ МУСАЛАҲОНАИ ДИИШ- РО МАҲКУМ МЕДОРЕМ !

Вокуниш.   Ҳодисаи нангине, ки шаби 6-ноябри соли 2019 дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ишқободи»-и ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби бадхоҳони давлату миллати тоҷик руҳ дод, ягон шахси ватандӯсту худогоҳро бетараф монда наметавонад. Ин хоинони миллат ва зархаридорон бо ин амалҳои нангин хунрезиву ваҳшонияти худ мехоҳанд боз давлатро ноором ва миллатро сарсону саргардон созанд. Аммо афсӯс, ки дигар миллат ба ин гуна тоифаи пастфитрат бовар надораду ҳамагуна амалҳои ватанфрӯшонаро маҳкум кардааст ва намегузорад, ки фазои сулҳу ором ва осмони софу беғубори ватанро бо ниятҳои нопокашон тира созанд.

    Таърих гувоҳ ва миллат шоҳид аст, ки ташкилкардаи  ҷанги шаҳрвандӣ аъзои ТЭТ ҲНИ мебошад, халқи тоҷик чи рӯзҳои шумро аз сар гузаронид. Модарони фарзандгумкарда бо оҳу нолаи ҷонсӯз, бори гарони зиндагӣ бар души занони бесаробонмонда, кӯдакони аз меҳру навозиши волидайн ятимонда, ки то ҳанӯз сӯзу доғи ин ҷанги наҳсу шум аз хотираву қалбҳо нарафтааст ва мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ рӯзи баде, ки замоне бо талошҳои душманону зархаридорони хориҷӣ ба сараш омада буд, фаромуш нахоҳанд кард.

    Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик Ватани азизамон-Тоҷикистон шукуфон шуд, пеш рафт, рушд кард ва имрӯз ки мо мебинему шоҳид ҳастем ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Кишвари маҳбубамон дар қатори дигар давлатҳои абарқудрат бо фарзандони бонангу ораш ҷойгоҳи хешро пайдо кардааст. Ин ҳама пешрафту ободии Ватаро, сарҷамъию иттифоқии миллатро душманони мо дида, бо чашми ҳасрату оҳи ҷонкоҳ, ки зери дасти кадом хоҷагони хориҷӣ ба хотири як бурда нон ва маблағи ночизе, ки ба як гирди хоки Ватан арзише надорад, хизмат мекунанд, санги маломат мепартоянд, пешрафту тинҷию оромии Ватану миллатро намехоҳанд.

   Мо мардуми сарбаланди тоҷик шукргузорӣ аз Сарвари одилу ғамхор, Пешвои муаззами худ мекунем, ки ба мо Худованд чунин Роҳбари хирадманро лоиқ донистааст ва моро ин шахсияти худодод раҳнамоӣ мекунад.

    Мо сокинони ноҳияи Рушон ҳамагуна амалҳои бадхоҳону разилон, ватанфурӯшони давлату миллатро, ки онҳо аз ҳайвонҳои ваҳшии хунхор фарқе надоранд маҳкум карда мегӯем, ки дар Ватани азизамон-Тоҷикистон барои чунин шахсони ҳайвонсифат, хунхор, мансабталош ва террористону экстримистон ҷое нест. Ҳаряки моро лозим аст, ки бар зидди ин гунна афроди тундрав муборизаи беамон барем. Зеро ин нафаронро, ки Ватану миллатро фурӯхтанд ислоҳнопазиранд. Ҳар сокини худогоҳро месазад бо шукргузорӣ аз ин Ватан, ки  бо роҳи рушду шукуфтанҳо зери раҳнамоии Пешво маҳбуби худ устуворона қадам мезанад, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ бошад. Дар роҳи хидмат ба Ватан содиқона азм намуда, зиндагии сазовор ва шоистаи хешро бисозад.

      Зеро Ватан ва хоки он муқаддас буда, хиёнат ба он нобахшиданист.  Ланат фиристода бод бар чунин афрод!

       Барои фарзандони шуҷои Ватан, ки нисбати ин афрод муқовимат нишон доданд сари таъзим фуруд меоварем ва мегӯем мо модарон аз Шумо розӣ, Ватан розӣ, Худо розӣ.

     Инчунин, барои шаҳидон, ки дар  роҳи дифои Ватан ва амну осоиштагии миллат  ҷон бохтанд хонаи ободу манзили шод ва барои наздиконашон сабру ҷамил ҳохонем.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон  Саидхонова Х.М