Пешбарии номзадҳо аз ҲХДТ ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ ва Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.
Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия қайд намуданд, ки дар мувофиқа бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, раисони Ҷамоатҳои деҳот ва Раёсати кумитаи иҷроия он шахсоне, ки байни мардум обрую эътибори баланд доранд ва ташаббускору арзанда ҳастанд номзадияшон ба вакилӣ пешбарӣ гардиданд.
Руихати номзадҳо хонда ва ба овоз монда шуда, вакилони Конфренсия якдилона ба тарафдории онҳо овоз доданд.
Дар фарҷоми Конфренсия Раиси ноҳияи Рушон муҳтарам Додхудоев Фаррух ба сухан баромада, кулли иштирокдоронро даъват намуданд, ки баҳри дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани маъракаи интихоботи дар пешистода ва фаъол гардондани ситодҳо дар ноҳия чораҳои мушахас андешанд.
Инчунин, даъват намуданд, ки ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиямон –Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем.