WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Ахбор

Ваҳдати милли- неъмати бебаҳост.

 Ваҳдати мо Тоҷикистонро мунаввар кардааст,

Нури Ваҳдат тоҷиконро тоҷ бар сар кардааст.

Оре, Ваҳдати миллӣ таҷассумгари орзую ормонҳои чандинсолаи халқи тоҷик буда, барои ҳар як сокини кишварамон мубораку муқаддас маҳсуб мешавад.

Қадру қимат ва афзалияту манзалати Ваҳдатро мо, тоҷикон дар тӯли таърих беш аз дигар қавму миллатҳо дарку эҳсос кардаем, зеро сӯхту сӯз ва тохтутозу лашкаркашиҳои аҷнабиёнро маҳз ваҳдату иттиҳоди халқамон, ки баёнгари зеҳну заковат ва хиради азалӣ аст, ҷуброн мекард.

Ваҳдат буд, ки душманону нотавонбинони моро, ки манзурашон нобуд кардани миллат ва порча-порча кардани ин сарзамини муқаддас буд, нокому шармсор сохт.

Пайғоми Ваҳдат хуштарин пайғоме буд, ки баъди панҷ соли низою нооромиҳо, маъюсию ноумедиҳо ва дарду ғам насиби миллатамон гардид. Ваҳдати миллӣ бо осонӣ ба даст наомад, балки маҳсули мулоқоту вохӯриҳои тӯлонӣ буд.

Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат бо пешниҳоди Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созмони нави ҷамъиятӣ – Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис ёфт, ки рисолати он амалӣ намудани талаботи созишнома, тарғиби сулҳу оромӣ, муттаҳидсозии миллат ва халқияту қавмҳои сукунатдоштаи Тоҷикистон буд. Дар натиҷаи сулҳу ваҳдат давлати мо ҳифз гашт, миллати мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, сокинони кишвари мо ба зиндагии осоиштаву осуда расиданд, сохтори давлатӣ шакли комили худро гирифт ва роҳи рушди кишвар аз тарафи худи халқ интихоб ва муайян гашт.

Ваҳдати миллӣ ба бунёдкорию ободонӣ, созандагию шукуфоии кишварамон замина гузошт.

Бале, Ваҳдат ин якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, якмаромӣ, ҳамдилию ҳамбастагист.

Ваҳдат аст, ки риштаҳои меҳру муҳаббатро бо ҳам мепайвандад. Баъди ба даст овардани ваҳдат ва сулҳу субот дар кишвар рӯзгори мардуми мо  рӯ ба беҳбудӣ ниҳод ва рӯзгори талхи онҳо маҷрои дигарро гирифт, ки имрӯз  онҳоро ба рӯзгори тинҷу осуда, оромию осоиштагӣ ва хуррамию шодмониҳо расонд.

Ваҳдате, ки мардуми шариф ва сарбаланду саодатманди Тоҷикистон ба даст овард, ба онҳо умеди зиндагӣ бахшид, онҳоро аз парешонӣ ба сарҷамъӣ овард. Мардум дасти ҳам бигрифта, паҳлӯи ҳам истода, ба ободонии кишвар, ба созандагию бунёдкорӣ  камари ҳиммат бастанд, ки самараи неки онро мо имрӯз бо чашми худ дидаем, ки аз якдилию якмаромӣ, ҳамдигарфаҳмию ҳамдастӣ ба чӣ комёбиҳои назаррасе ноил гаштаем.

Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гаштааст, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худодод истифода намуда, худро наҷот медиҳад

Магар аз ин дида бахти бузургтаре аст?

Замин аз файзи ваҳдат мекунад гул,

Замон аз шавқи меҳнат мекунад гул.

Дили маҳзуну ғамдорони олам,

Аз инсофу зи раҳмат мекунад гул.

Роҳи пуршарафе, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар давоми 22 соли Ваҳдати миллӣ паймудааст, бо садсолаҳо метавон муқоиса намуд.

   Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза барои рушди устувори кишварамон, пеш аз ҳама, Ваҳдати миллӣ ба мисли обу ҳаво зарур аст. Аз ин рӯ моҳияту арзишу аҳамияти Ваҳдатро ба наслҳо фаҳмондан  ва барои посдорию ҳифзи ин арзиши муқаддас онҳоро роҳнамун кардан вазифаи ҳар як шахси солимфикр мебошад. Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дарназардошти тамоми мушкилоти мавҷудааш имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун як кишвари озод, дорои истиқлоли комил ва кишвари рӯ ба рушду пешрафт шинохта шудааст. Миллати тоҷик бояд фахр кунад, ки соҳиби Ватан аст, Ватане, ки бузургтарин кӯҳҳои пур аз ганҷ ва ширинтарин обҳоро дар ҷаҳон дорад.

Бале, имрӯз мардуми тоҷик рӯзгори тинҷу обод ва осоишта доранд. Имрӯз мардуми кишвари мо ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилию якмаромиро дар ҳаёти рӯзмарраи хеш аз ҳама болотару авлотар гузошта, дар асоси ин хислатҳои неки инсонӣ рӯзгори хешро пеш бурда истодаанд.

Ва ин ду мафҳуми бузург Сулҳу Ваҳдатро мо бояд имр\зу фардо чун гавҳараки чашм нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда бисупорем .

Абдулмаинова Зарина – муовини раиси ноҳияи Рушон