РОҲПАЙМОӢ ВА ҲАМОИШИ ҶАВОНОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РУШОН
Субҳи имруз (14.11.19) бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Роҳпаймоӣ ва ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон пайрави Пешвои миллатанд” ва “Бо президентам ифтихор мекунам”, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Роҳпаймоӣ бо иштироки васеъи ҷавонон, варзишгарон, толибилмон, кормандони идораву муассисаҳо ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил ва баргузор гардид.
Роҳпаймоӣ аз назди бинои МИМҲД-и ноҳияи Рушон оғоз ёфта, то бинои Мактаб интернати Ҷумҳуриявӣ дар ноҳия давом ёфт. Пас аз роҳпаймоӣ ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони “Бо президентам ифтихор мекунам” дар толори муассисаи номбурда оғоз шуд.
Дар ҳамоиш муовини раиси ноҳия Заррина Абдулмаинова баромад намуда аз номи раиси ноҳияи Рушон мӯҳтарам Додхудоев Фаррух тамоми мардуми ноҳияро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуданд.
Инчунини дигар Қаландар Давлатмамадов – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Алиназарова Аъло – омузгори МТМУ #9 ва Қурбонгули Мамадносир – гирандаи Стипендияи Президентӣ низ баромад намуда оиди нақши ҷавонон дар омори сиёсии имрузу фардои кишварамон сухан намуданд. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Рушон.