Баргузории марҳилаи интихобии дуюми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат оид ба шоҳмот” дар ноҳияи Рушон
Санаи 3 августи соли равон бо мақсади тарғибу ташвиқи шоҳмот байни наврасону ҷавонон ва калонсолон дар ноҳия ва дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ аз намуди шоҳмот дар толори маркази ҷавонони ноҳияи Рушон мусобиқаи ноҳиявӣ барои дарёфти “Ҷоми Пешвои миллат” оғоз гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи интихобии дуюми мусобиқа, ғолибони марҳилаи интихобии якум, ки аз таърихи 10 июн то 07 июли соли равон дар сатҳи маҳал, деҳа, шаҳрак, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид, иштирок менамоянд.
Марҳилаи интихобии сеюми мусобиқа аз санаи 5 то 25 сентябри соли 2019 дар сатҳи вилоят бо иштироки ғолибони марҳилаи интихобии дуюм доир мегардад.