КИ ХХДТ дар нохияи Рушон дар доираи қисмати амалишавии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” бо дастгирии аъзоёни фаъоли ҳизб барои сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Бағуи Ҷамоати деҳоти Рушон, ки бо ташаббуси бошандагони деҳаи номбурда сохта шуда истодааст масолеҳи сохтмонӣ 500 кг семент аз тарафи КИ ХХДТ дар нохия ва 200 кг семент аз тарафи сардори филиали КВД “Тоҷиксуғурта” кумак расонида шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рушон барои шахсоне, ки дар сохтмони ин бунгоҳ саҳмгузорӣ намуда истодаанд изҳори сипос намуда, қайд намуд, ки он дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, Раиси муазами ҲХДТ мухтарам Эмомалӣ Рахмон дода мешаванд ин ба манфиати халқ аст. Ва дар якҷоягӣ мо метавонем деҳаамонро обод созем ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро беҳтар гардонем. Ҷавонони ин деҳа бо шукригузори аз дастовардҳои имрузаи кишвар сухан намуда, пешниҳод намуданд, ки дар деҳа барои ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш бо қувваи ҷавонон ва муҳоҷирони ин деҳа як майдончаи варзишӣ-солимгардонӣ сохта ба истифода дода мешавад. Инчунин, бо истифода аз фурсат бо сокинони ин деҳа хониши сиёсӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки ҲХДТ баргузор карда шуд.