14 декабри соли равон дар Маркази ҷавонони ноҳия аз тарафи шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор гардид.
Кӯмаки молиявӣ, ки яке аз самтҳои фаъоли шуъбаи мазкур ба ҳисоб меравад, ин навбат низ таваҷҷуҳи зиёди корҷӯёнро ҷалб намуд. Муҳлати пардохти қарзи имтиёзнок 2 сол буда, он барои шахсони бекоре, ки мехоҳанд фаъолияти соҳибкориро дар самти бофандагӣ, дӯзандагӣ ва кишоварзӣ оғоз намоянд, дода мешавад. Шахсоне, ки соҳиби ин имтиёз мегарданд, бояд онро самаранок истифода баранд ва дар оянда ҷойҳои кории навро таъсис диҳанд ва барои коҳиш додани сатҳи бекорӣ саҳм гузоранд.
Маркази саломатии ноҳия дар ярмарка 6 ҷойи холи духтури оли маълумот ва 20 нафар корҷӯён барои кор дар НОБ-и Роғун номнавис карданд.