WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Шӯрои Ҷамъиятӣ- Сиёсӣ минбари озоди мунозира

23-юми апрели соли равон дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия машварати васеи сайёри шӯрои ҷамъиятӣ– сиёсӣ бо ҷалби тамоми намояндагони табақаҳои аҳолӣ, сардорони идораву муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, халифаҳои расмӣ, вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ, раисони
ма
ҳаллаҳо баргузор гардид.
   Муҳтавои он, асосан, мавзуъҳои таҳкими сулҳу осудагии кишвар,
тақвияти иқтисодиёту иҷтимоиёт, вусъати бунёдкорию созандагии аҳли ҷомеа дар эъмори давлати демократӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, густариши фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳкум намудани зуҳуроти даҳшатноки экстремизм ва терроризм ва дигар масоили мубрами рӯзро дар дохили кишвар ва миқёси ҷаҳон дар бар гирифт.
    Дар ҷаласаи шӯрои ҷамъиятӣ- сиёсӣ котиби Шӯрои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Нуралӣ Шамсович ва мушовири бахши рушди ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Нусрат … ширкат варзида, ба таҳкими Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ аҳамияти таҷлили ҳарсолаи ин ҷашни бузург дар минтақаҳои гуногуни мамлакат, он ба ободонию созандагӣ, огоҳ шудан аз таърихи гузашта, имрӯза ва фардои кишвар андешаронӣ намуда, ВМКБ-ро дар ин самт бо қаноатмандӣ ном бурданд…
      Сипас, доир ба паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва дарёфти роҳҳои
беҳбуди ҳаёти ҷомеа Сабзқадам Каримов- котиби шӯрои  ҷамъиятии ноҳия, Қаландар Давлатмамадов – мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш,
  Саъдӣ Хушвақтов- сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат»,

  Давлатхон Чоршанбеев- халифаи расмии деҳаи Дерӯшон, Меҳриддин Замонов- раиси собиқадорони меҳнат, Муниса Раҳимбекова- омӯзгори МТМУ №8 деҳаи Дерзуд, Арамбегим Ҷаъфариева – директори МТМУ №7 деҳаи Баррӯшон, Никбахт Давлатмамадова – соҳибкор
аз Ҷамоати Н. Додхудоев, Довут Мастонов- собиқадори меҳнат суханронӣ намуда, ба унвони Шӯрои ҷамъиятӣсиёсии ҷумҳурӣ пешниҳоду таклифҳои судмандро ироа намуданд… Баъди ҷамъомади умумӣ аз ҷониби масъулини Шӯрои ҷамъияии ҷумҳурӣ бо аъзои Шӯрои ҷамъиятии ноҳия машварат – омӯзиши дастурдиҳӣ оид ба сохтор, вазифаю уҳдадориҳо, тавофути ин ниҳоди сиёсӣ аз дигар ҳаракату
ҷунбишҳои ба қайдгирифтаи ҷумҳурӣ, тарзу усулҳои аъзо шудан ва хориҷ гардидан аз шӯро, салоҳияти шӯро, мураттаб кардани нақшаҳои нимсолаю солона, пешниҳод кардани ахборот ба шӯрои ҷамъиятии марказӣ баргузор гардид.
   Раиси ноҳия Фаррух Додхудоев дар оғоз ва фарҷоми машварат суханронӣ намуда, ҳайати кориро самимона хайра мақдам гуфт ва бо қатъият изҳор дошт,  ки мардуми шарафманди Рӯшонзамин сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба
истиқболи тарафдорӣ намуда, баҳри 30-солагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафъи халқу Ватан хизмат мерасонанд.
                                                                                                «Пайғоми Рӯшон»