WWW.RUSHON.TJ

Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рушон.

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

22

Nov 19

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 22.11.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии...
Read More

16

Aug 19

Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷавонони эҷодкор- парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат» ҳамоиш доир гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Иттифоқи композиторони Тоҷикистон...
Read More

16

Aug 19

Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳо бо шиносномаи ID то 15 феврали соли 2020 тамдид гардид

ДУШАНБЕ, 16.08.2019/АМИТ «Ховар»/.  Муҳлати бақайдгирии SIM-кортҳои телефонҳои мобилӣ дар қаламрави Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо шиносномаҳои  нави ID то 15 феврали соли...
Read More

Подпишитесь на рассылку

Пайғоми Рушон

Суҳбати самимӣ бо мардум

Описание: C:Documents and SettingsUserРабочий столDSCN0531.JPG

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон вохӯрии Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермамаҳмад Шоён бо фаъолони ноҳия доир гашт.

Мавсуф бо фаъолон суҳбати самимии озод ташкил дод ва минҷумла изҳор кард, ки дар соли ҷорӣ ду маъракаи муҳими сиёсӣ дорем. Яке интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои вилоятиву ноҳиявӣ ва маҳаллӣ ва дуюм интихоботи Президенти кишвар, ки моҳи ноябри соли равон баргузор мегардад. Ба ин маъракаҳои муҳим мо бояд бо тайёрии пухта ва омодагии ҳаматарафа тайёр бошем. Зеро мусаллам аст, ки дар давраи интихобот, дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вазъи ҷомеа такон мехӯрад. Андешаҳои гуногун пайдо мешаванд.

Дар интихоботи имрӯзаи ҷумҳурии мо низ ҳамин ҳолатро нигарон хоҳад буд. Зеро давлати мо демокративу ҳуқуқбунёд буда, дар қаламрави мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунанд. Мо бояд барномаҳои ҳар номзад ба вакилиро дуруст дарк намуда, аз таблиғоте, ки садди роҳи ишкишофу аминияти мамлакат мегарданд, андешронӣ намоем ва нагузорем, ки шахсони тасодуфӣ дар парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳалӣ роҳ ёбанд. Зеро соли 1992 барои ҳамаи мо дарси ибрат аст, ки интихобот ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд ва 150 ҳазор одами бегуноҳ қурбони дасисаҳову фиреби бархе аз таблиғотчиён гаштанд. Ватани маҳбуби мо дар ҳоли нобудӣ қарор гирифт.

Тарафдорони Ҳизби наҳзати исломӣ кӯшишҳо мекарданд, ки давлати навташкилро ба коми ноумедиҳо расонанд. Ногуфта намонад, ки ҳамаи ин сиёсати душманони дини мубини ислом аст. Имрӯз фақат дар давлатҳои мусулмонӣ ҷангу хунрезӣ роҳи пешрафти кишварҳоро мегирад. Аз мусулмон ифротиву террорист  месозанд. Исломро дини ҷангу хунрезӣ меноманд. Дигар қавмҳои ҷаҳон осудаву ороманд ва пешрафт мекунанд. Мебоист ба ин сиёсат нуқта гузошт. Зеро дини мубини ислом дини ақлу хирад аст, буд ва мемонад. Набояд онро олудаи чизи дигар созем.

 Шукр Сарвари давлат, ки ба тақдирр миллати тоҷик лаҷоми сарварии кишвари қашшоқи тоҷиконро ба даст гирифт ва миллатро аз нобудӣ раҳонид.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бисёре аз халқҳои ҷаҳон, ки аз мардуми Тоҷикистон шумораашон зиёдтар аст, давлат надоранд. Дар мисоли курдҳо. Аммо мо хушбахтем, ки давлат дорем ва ин давлат аз даврони Шӯравӣ ба мо боқӣ монд. Ҳанӯз соли 1929 давлати мухтори тоҷик бо номи Тоҷикистони Шӯравӣ дар баробари дигар ҷумҳурияҳо ташкил шуд.Баъд аз 1000 сол, ки миллати тоҷик давлати худро аз даст дод беҳтарину бузургтарин шаҳрҳои  мардуми тоҷик, ки марказҳои маданиву маърифатӣ ба ҳисоб мерафтанд, аз хоки Тоҷикистон берун монданд. Аммо мо руҳафтода нашудем. Бо ба даст овардани истиқлолияти миллӣ давлати тозаеро бунёд кардем, ки имрӯз дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  миллати тоҷик ба ҷаҳониён маъруф гашт. Бисёр пешниҳодоту, барномаҳои мукаммал аз ҷониби Тоҷикистон боиси дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, ки ин боиси ифтихору шарафмандии мардуми тоҷик мебошад. Дар мамлакат шаҳру деҳот симои зоҳирии худро дигаргун сохта, биноҳои нави замонавӣ ҳар деҳу шаҳрро зиннати тоза мебахшанд.

Вале мушкилот ҳанӯз бисёр. Давлати ҷавони мо яку якбора сатҳи зиндагии мардумро ба таври лозимӣ баланд бардошта наметавонад. Барои ин вақт лозим аст. Давра ба давра, замон ба замон ободкориҳо ва сатҳи зиндагии мардум беҳбуд хоҳад ёфт.

Аз ин хотир ҳамаи шумо ва дар шахсияти шумо тамоми мардуми тоҷикро ба он даъват менамоям, ки дар интихобот зиракии сиёсиро аз даст надода, вакилони ҳақиқатан ҳам арзандаро интихоб кунем. Зеро аз интихоби мо рушду нумуи мамлакат вобаста аст. Шахсони  қобилу кордида метавонанд  инкишофи мамлакатро такони хубе ба пеш хоҳанд дод.  Ба қавли Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар ватанмонро халқи дигар обод намекунад. Аз дигар давлат барои ободии кишвари мо касе намеояд. Мо худамон давлату ватанамонро обод мекунем. Бо дастони худ. Аз обилаи дасти мо ватан обод мешавад. Пас ҳар яки моро лозим аст, ки дар ободии кишвар саҳми худро гузорем ва дар интихоби намояндагон саҳверо набояд кард.

Сиёсати давлату раҳбари он инсондӯстонаву созанда аст. Бояд онро тарафдор буд, то мулки мо, давлати мо, Ватани мо ободу зеботар гардад.

Мамадалӣ Бахтиёров, ноҳияи Рӯшон